Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори расмии қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон ба 52 нафар расид


Поккорӣ дар яке аз боғҳои шаҳри Хуҷанд
Поккорӣ дар яке аз боғҳои шаҳри Хуҷанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 20-уми июн эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта як нафар аз коронавируси нав ҷон бохт ва омори расмии фавтидагон аз бемории ҳамагир ба 52 нафар расид. Дар феҳрасти алтернативии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 14-уми июн номи 437 нафарро навиштаанд. Ба феҳраст дар шаш рӯзи охир ҳеч ном ворид нашудааст.

Дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон гирифтории 61 кас ба COVID-19 тасдиқ шудааст. Аз замони эътирофи коронавирус дар Тоҷикистон 5399 нафар бемор шуда, 3894 ё зиёда аз 72 дарсад шифо ёфтаанд, вале шубҳаҳо дар мавриди омори расмӣ ҳамоно боқист.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф карданд. То он замон афзоиши беморон ва марги пайиҳами баъзе сокинонро ба илтиҳоби шуш рабт медоданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн гуфт, "дар шифохонаҳои саросари кишвар 116 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд", вале бархе аз сокинон мегӯянд, баъзе аз беморон дар хонаҳои худ муолиҷа мегиранд. Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо СOVID-19 аз нимаи дувуми моҳи июн баъзе аз маҳдудиятҳоро бекор карда, ба фаъолияти бозорҳои либос, тарабхонаву кошонаҳои ҳусн ва баргузории ҷашнҳои ҷарӯсӣ иҷозат дод. Қарор аст, аз 1-уми июл парвози ҳавопаймоҳо ба Тошканду Дубай аз оғоз шавад.

Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед

Рӯзи шанбе омори гирифторони бемории коронавируси нав дар ҷаҳон аз 8 миллиону 700 ҳазор гузашт. Беш аз 460 ҳазор кас қурбон шуда, беш аз 4 милилону 290 ҳазор кас шифо ёфтаанд.

Раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, коронавируси нав "ҳанӯз босуръат дар ҳоли густариш аст, ҳанӯз маргбор аст ва ҳанӯз бештари афрод бо хатари гирифтор шудан ба он қарор доранд."

Бо ин ҳол бисёре аз кишварҳо маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси навро коҳиш дода, ба фаъолияти корхонаву тарабхона ва истироҳатгоҳҳо иҷозат додаанд.

Мақомҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бо ишора ба роҳи "сахте", ки барои тавлиди воксина дар пеш аст, хостори коҳиши эҳтиёткоронаи маҳдудиятҳо шудаанд. Масъули умури изтирории созмон таъкид кардааст, ки ин раванд бояд қадам ба қадам ва бо такя ба омор анҷом шавад. Коронавируси нав охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф ва дар саросари ҷаҳон паҳн шуд.

XS
SM
MD
LG