Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон дар як шабонарӯз 132 тан ба COVID-19 мубтало шуданд


Дар як шабонарӯзи ахир дар Қирғизистон 4534 санҷиши коронавирус ё худ COVID-19 анҷом шуда, дар натиҷа 132 ҳолати нави мубталошавӣ ба қайд гирифта шудааст.

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон Нурболот Усенбоев гуфт, 48 ҳолат дар Бишкек, 38 ҳолат дар вилояти Чуй, 13 ҳолат дар шаҳри Ӯш, 12 ҳолат дар вилояти Ӯш, 11 ҳолат дар вилояти Ҷалолобод, 4 ҳолат дар Таласс ва 9 ҳолат дар Норин ошкор шудааст.

"66 ҳолати нав дар миёни онҳое ошкор карда шуд, ки барои тамос бо беморон зери назорати табибон қарор доштанд. 7 мубталои дигар аз хориҷ ворид шуда, дар миёни онҳо ронандагони мошинҳои боркаш низ ҳастанд. Манбаи сирояти 59 ҳолати дигар номаълум аст", - афзуд ӯ.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон то ба имрӯз ба 2789 расида, 1961 кас шифо ёфтанд ва 32 нафар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG