Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси узбек ҷавони бениқобро буғӣ кард


Дар саҳифаҳои узбекии шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 16 июн наворе ба гардиш даромад, ки лаҳзаи буғӣ кардани ҷавоне аз сӯи пулис сабт шудааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин рафтори пулисро маҳкум карданд, ки ба хотири надоштани ниқоб ҷавонро шиканҷа кардааст. Сокинони шаҳри Нукус гуфтанд, ҳодиса рӯзи 14 июн рух додааст. Тавре дар навор дида мешавад, ҷамъомадагон аз пулис илтиҷо мекунанд: "Ӯро буғӣ накун, мекушиаш".

"Одамон ҳатман бояд ниқоб пӯшанд. Аммо кормандони мақомот ҳақ надоранд, ки ба хотири надоштани ниқоб одамонро шиканҷа кунанд. Ҳоло дар шаҳри Нукус кормандони пулис "рейд" гузаронида, афроди бениқобро таъқиб мекунанд. Касоне ки ниқоб надоранд, ба идораи пулис бурда шуда, ҷарима мешаванд. Пулис ба ин тартиб нақшаи ҷаримабандиро иҷро мекунад", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Мақомоти Узбекистон шуруъ аз охири моҳи март сокинонро ба пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вазифадор кардаанд. Барои риоя накардани ин тартибот наздики 20 доллар ҷарима муқаррар шудааст. Дар сурати такроран риоя накардан ҳаҷми ҷарима то ба 65 доллар боло меравад.

XS
SM
MD
LG