Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни КОВИД-19 дар Қазоқистон ба 88 тан расид


Яке аз оромгоҳҳо дар наздикиҳои Алмато.
Яке аз оромгоҳҳо дар наздикиҳои Алмато.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, рӯзи 16 июн ҳафт ҳолати нави марг аз COVID-19-ро сабт кардаанд. Ба иттилои расмӣ, ду мард дар вилояти Туркистон, як марду як зан дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ, ду марди дигар дар вилояти Қарағанда ва як мард дар Алмато фавтидааст.

Ин дар ҳолест, ки сар аз моҳи май ба ин тараф шумори маргу мир аз вируси корона аз шумори қабрҳо дар мазорҳои махсуси дафни қурбониёни коронавирус дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон ва Чимкент фарқ мекунад.

Танҳо дар қабристони махсуси дафни қурбониёни COVID-19 дар наздикии шаҳри Алмато дар 2,5 ҳафтаи охир шумораи қабрҳо аз 38 ба 64 расидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои расмӣ, дар ин ду ҳафтаи охир дар вилояти Алмато касе аз коронавирус нафавтидааст.

Шумораи умумии қурбониёни COVID-19 дар Қазоқистон то имрӯз ба 88 ва теъдоди гирифторон ба бештар аз 20 ҳазор расидааст.

XS
SM
MD
LG