Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми як муҳоҷири тоҷик барои "шантаж" ва ришва дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои "шантаж"-и зане ва пешниҳоди ришва ба маъмурони пулис ба зиндони низомаш умумӣ андохтааст.

Ному насаби шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистон ва ҳамчунин мавқеи ӯ ва ё вакили мудофеаш ба қазия маълум нест. Ҳодиса дар шаҳри Черкесск рӯй додааст.

Додситонии шаҳри Черкесск гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон гӯё пинҳонӣ иртиботи маҳрамонаи як занро ба навор гирифта, бо таҳдиди ин ки видеоро паҳн мекунад, аз ӯ даҳ ҳазор рубл ситондааст. "Зан барои додхоҳӣ ба пулис шикоят кардааст ва онҳо шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд. Вале ӯ барои халос шудан ба маъмурони пулис сад ҳазор рубл пешниҳод кардааст, ки вазъро мушкил гардондааст", - навишт нашрияи "Регион online" рӯзи 10-уми июн.

Дар гузашта низ бо иттиҳоми ба ин монанд шаҳрандони Тоҷикистонро дар Русия боздошту зиндонӣ ва ҷарима кардаанд. Вале муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар чунин қазияҳо аксаран "гунаҳкорони бегуноҳанд", чун ба иддаои онҳо бештари парвандаҳои ҳамсон бофтаву беасосанд.

То як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG