Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бародарони хунӣ душман шуданд". Аз низоъҳои қавмӣ дар Қирғизистон 10 сол гузашт. ВИДЕО


Низоъҳои қавмие, ки даҳ сол пеш миёни узбекҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон сар зад, ҷони садҳо нафарро гирифт.

Оташи низоъ дар Ӯш аланга зад ва ба кушторҳои бераҳмона, нобуд кардани ҳазорҳо хона ва ба таври дастҷамъӣ беҷо шудани узбекҳои маҳаллӣ сабаб шуд. Журналистони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки хушунатҳои даҳ сол пешро бозтоб додаанд, ба таҳаввулоти он ҳаводис рӯ оварданд.

Абдумарӣ Ҳомидов моҳи июни соли 2010 сокини Ӯш буд ва он воқеаҳоро чунин ба ёд овард: "Он ҷо пиронсолон, ҷавонон, маъюбон буданд. Ҳамлагарон тирандозӣ мекарданду мекуштанд."

Хушунатҳои Ӯш, дуюмин шаҳри калонтарини Қирғизистон, тибқи гузоришҳо баъди як занозанӣ дар қиморхонаи маҳаллӣ шурӯъ шуд. Хушунатҳо базудӣ ба Ҷалолобод, Бозорқӯрғон ва дигар шаҳру манотиқи ҷануб паҳн гардид.

Нақши нирӯҳои амниятӣ дар ин ҳодисаҳо баҳсбарангез аст. Гузоришҳое нашр шуд, ки мардони низомипӯш савори зиреҳпӯшҳо ба маҳалҳои узбекнишин ворид шуданд. Мақомот иддао карданд, ки либосҳои низомиву мошинҳо дуздида шуданд.

Исмоил Қосимов, сокини Ӯш, моҳи июни соли 2010 дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд: "Вақте зиреҳпӯшҳо ба ин ҷо омаданд, ҳама гурехт ва онҳо дарвозаҳоро бо ҳамин зиреҳпӯшҳо шикаста, ба тирандозӣ сар карданд."

Даҳ сол пеш дар Қирғизистон бародарони хунӣ душман шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

Як таҳқиқи байналмилалӣ нишон додааст, ки дар ин хушунатҳо 470 нафар кушта шуд. Тахминан се чаҳоряки онҳо узбекҳо буданд, боқимондаҳо – қирғиз.

Эрнист Нурматов, хабарнигори РАО/РО дар замони ҳодисаҳои Ӯш дар ин шаҳр зиндагӣ мекард. Вай мегӯяд, "хонаҳо дуд мекард, мошинҳоро оташ мезаданд. Ман шаҳреро, ки дар он зиндагӣ кардам, нашинохтам. Дар кӯчаҳо бисёриҳо бо калтакҳои оҳаниву ниқоб мегаштанд. Дидани ин ки нафароне, ки дирӯз дӯсту бародари хунӣ буданд ва дар они воҳид ба душман табдил шуданд, бисёр дарднок буд."

Нурматов мегӯяд, нирӯҳои амниятӣ аз ӯҳдаи кор набаромаданд: "Он рӯз ҳамроҳ бо як рафиқам будем. Дар роҳ чанд ҷасади сӯхтаро дидем. Дар бозори марказӣ дӯконҳои ғоратшударо дидем, ки пеш серодам буданду бозорашон гарм буд. Ходимони ҳифзи қонун дар мошинҳояшон менишастанд. Онҳо бо кори худ машғул буданд ва ба беназмиҳо таваҷҷӯҳ намекарданд."

Ҷанарбек Оқоев, хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ ва ҳоло узви порлумони Қирғизистон аст. Ӯ ҳам шоҳиди беназмиҳо буд.

"Мо гурӯҳи ҷавонҳои бисёр хашинро дидем, ки силоҳҳои низомиёнро ба даст гирифта, омода буданд, ҳар касу ҳар чизро куштаву нобуд кунанд. Дар як рӯз шаҳр ба майдони ҷанг табдил шуду оташ аланга зад. Дуди оташ ва ҷасадҳои хунолуд ба чашм мерасид", - ба хотир овард ӯ.

Хабарнигори РАО/РО Брюс Паннир, ки чанд рӯз баъди ҳодисаҳо ба ин шаҳр расид, дар бораи хушунатҳо дар ин шаҳр гузориш навишт. Вай мегӯяд, "чандин ҳодисае рух дод, ки дар бораашон ба ман мардум нақл карданд. Издиҳоми мардум аввал дар роҳ касеро таъқиб карда, баъдан ба замин пахш кардаву аз болояш бензин рехтааст. Сипас оташ задааст."

Чандин ҳазор бино комилан хароб шуд ва аксари онҳо моликияти мардуми узбек будааст.

Брюс Паннир мегӯяд, "Шумо дар ҳама ҷо хисоротро медидед. Манзурам ин ки ин биноҳо пурра нобуд шуда буданд. Ҳанӯз ҳам бархе дуд мекарду мошинҳои сӯхта роҳҳоро баста буданд."

Аз тарси ҷони худ садҳо ҳазор узбек рӯ ба фирор оварданд - бисёриашон дар қароргоҳҳои муҳоҷирон дар хатти марз бо Узбекистон ҷой гирифтанд.

Дар хушунатҳои сарзада кӣ гунаҳкор буд, ҳамоно бепосух мемонад.

Дар Қирғизистон бархе аз он ҳарос доштанд, ки бартарияти намояндагони қавми узбек дар тиҷорату соҳибкорӣ рӯзе метавонад ба як қудрати сиёсӣ табдил шуда, ба истиқлоли кишвар хатар эҷод кунад.

Брюс Паннир гуфт, "бисёре аз қирғизҳо гуфтанд, ин ҷо гуноҳи узбекҳо буд. Мушкил аз онҳо сар шуд, чунки ҷудоиталаб ҳастанд ва дар фикри ғасби ин қаламрав мебошанд. Қирғизҳо мегӯянд, инро узбекҳо тарҳрезӣ карда буданд."

Ҳодисаҳо чанд ҳафта баъди он сар зад, ки президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар пайи эътирозҳои мардумӣ аз қудрат барканор шуд ва дар кишвар халои қудрат эҷод шуда буд.

Бархе аз нирӯҳои вафодор ба Боқиевро дар таҳрики хушунатҳо ва бесубот кардани кори ҳукумати нав гунаҳкор карданд, вале ин чиз исбот нашуд.

Вале ҳамин чиз маълум аст, ки равобити сокинони узбеку қирғиз пуртаниш боқӣ мемонад. Эрнист Нурматов, хабарнигори РАО/РО гуфт, “ҳамбастагӣ дар миёни мардуми узбеку қирғиз масъалаи аввалиндараҷа аст. Дар манотиқе, ки низоъ сар зад, мардум ҳамоно дар ҳолати инзиво аз ҳамдигар, ҳар як дар маҳаллаи худ ва деҳаи худ зиндагӣ мекунанд.”

“Аз он ҳодисаҳо даҳ сол гузашт, вале дар сатҳи байниқавмӣ ҳамоно мушкил вуҷуд дорад. Бо ин вуҷуд, ки мақомот ва ҷомеаҳои маҳаллӣ фаъолиятҳоеро барои оштӣ додани мардум анҷом медиҳанд, ҳанӯз ҳам дар чашми одамон тарсу таваллоро мебинам, ки дигар он ҳодисаҳо такрор нашавад”, - гуфт хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ ва ҳоло вакили порлумон Ҷанарбек Оқоев.

Ҳолномаи Умед Бобохонов

Умед Бобохонов 29-уми ноябри соли 1962 дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1985 шӯъбаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1987-1989 хабарнигори рӯзномаи “Комсомолец Таджикистана” ва баъд аз он ду сол муҳаққиқи Институти таҳқиқоти сиёсии Тоҷикистон буд. Бобохонов соли 1991 дубора ба кори рӯзноманигорӣ баргашта, то соли 1995 хабарнигори махсуси "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон буд. Ҳамзамон Умед Бобохонов аз соли 1994 то 2001 мухбири хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" дар Тоҷикистон буд. Бобохонов соли 1995 хабаргузории "Азия Плюс"-ро таъсис дод. Ба думболи таъсиси хабаргузорӣ, Умед Бобохонов соли 2000 бо номи "Азия Плюс" ҳафтанома ва соли 2002 радио таъсис додааст. Умед Бобохонов оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

XS
SM
MD
LG