Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳои узбекистонии дармонда дар Қирғизистон иҷоза бозгашт ёфтанд


Занҳои дармонда дар Қирғизистон
Занҳои дармонда дар Қирғизистон

Зодагони Қирғизистон, ки бо шаҳрвандони Узбекистон ба шавҳар баромада ва ҳанӯз пеш аз эъломи карантин ба Қирғизистон омадаву дар ин кишвар дармонда буданд, иҷозаи баргаштан ба Узбекистонро пайдо карданд. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, рӯйхати занҳое тартиб дода шудааст, ки барои дидорбинии пайвандонашон моҳи март ба Қирғизистон омада ва дар ин кишвар дармонданд. Дар асоси рӯйхати мазкур, занҳо ҳамарӯза бо навбат аз марз убур мекунанд.

Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ба созиш расиданд, ки ин занҳоро баъди убури марз ба карантини 14-рӯза бигиранд. Рӯйхати занҳоеро, ки мехоҳанд назди шавҳарон ва фарзандони худ баргарданд, сафорати Узбекистон дар Қирғизистон тартиб медиҳад.

Нахустин гуруҳи иборат аз 50 зане, ки барои дидорбинии пайвандони худ ба Қирғизистон омада ва дармонда буданд, ҳанӯз 23 май ба Узбекистон баргаштанд.

XS
SM
MD
LG