Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав низоми гӯшанишинӣ аз 9 июн бекор мешавад


Шаҳри Маскав, 8 июн, 2020.
Шаҳри Маскав, 8 июн, 2020.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, аз 9-уми июн дар пойтахти Русия хонанишинии мардум ва гаштугузор аз рӯи ҷадвал бо иҷозатномаи электронӣ бекор карда мешавад.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мардум шояд пас аз як сол ба зинадгии пешинаи худ баргарданд. Сергей Собянин бо дархости мансабдорони дастгоҳи президент бекор кардани чораҳои эҳтиётии вобаста ба коронавирусро суръат мебахшад.

Дар ин бора "Расонаи боз" бо такя ба сарчашмаҳои худ хабар додааст. "Мардум пас аз хонанишинӣ ва пеш аз овоздиҳӣ бояд нафас кашад", - гуфтааст ҳамсуҳбати расона.

Дар пойтахти Русия карантин охирҳои моҳи март ҷорӣ шуда буд. Аз хона танҳо барои кори зарурӣ бо иҷозатномаи электронӣ берун баромадан мешуд.

Бошандагони Маскав аз 12-уми май вазифадор шуданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоби тиббию дастпӯшак пӯшанд.

Акнун дар Маскав дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна камтар аз 2 ҳазор ҳолати нави олудашавӣ ба вирус ошкор мешавад ва ин рақам дар авҷи беморӣ то 4-5 ҳазор буд.

XS
SM
MD
LG