Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 4500 гузашт. Инфографика


Пизишке аз Алмато. 14-уми майи 2020
Пизишке аз Алмато. 14-уми майи 2020

Шумори умумии гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн ба 4529 нафар расид.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, дар як шабонарӯзи гузашта коронавируси нав ба 76 нафари дигар сироят кардааст. Ба иттилои расмӣ аз замони эътирофи мавҷудияти вирус дар Тоҷикистон 2673 нафар ё 59 дарсади беморон шифо ёфта, 48 кас ҷон бохтаанд.

Дар феҳрасти ғайриарсмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 то рӯзи якшанбе номи беш аз тақрибан 420 нафарро гирд овардаанд. Мақомот ин феҳрастро намепазиранд.

Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон кишвари чаҳоруми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. Туркманистон ҳанӯз иддао дорад, ки аз бемории ҳамагир орӣ аст.

Ҳоло Тоҷикистон бо 48 талафот аз рӯйи шумори фавтидаҳо аз коронавируси нав дар минтақа баъди Қазоқистон дар ҷойи дувум аст. То 7-уми июн дар Қазоқистон 52, дар Қирғизистон 22 ва дар Узбекистон 16 кас аз COVID-19 фавтидаанд.

Дар Қазоқистон 12 312, дар Узбекистон 4007 ва дар Қирғизистон 1936 гирифтори коронавируси наванд.

Рӯзи якшанбе омори ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар ҷаҳон ба марзи 400 ҳазор ва теъдоди мубталоён ба 7 миллион нафар наздик шуд.

Мавридҳои нави гирифторӣ ба бемории ҳамагир дар Амрикои Лотин ва кишварҳои сернуфусе чун Ҳиндустону Индонезия афзоиш ёфтааст. Теъдоди қурбониёни вирус ва гирифторӣ ба он дар шарқи Осиё ва Аврупо дар ҳоли кам шудан аст. Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, ки аз густариши вируси корона осеби ҷиддӣ диданд, бахше аз маҳдудиятҳоро бардоштанд.

Бемории COVID-19 моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор карда шуд. Ҳоло дар он кишвар рӯзона шумори андаки ҳолатҳои гирифторӣ ба вирусро сабт мекунанд, аммо дар бораи дурустии рақамҳо шак вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG