Рӯзи якшанбе омори ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар ҷаҳон ба марзи 400 ҳазор ва теъдоди мубталоён ба 7 миллион нафар наздик шуд. Мавридҳои нави гирифторӣ ба бемории ҳамагир дар Амрикои Лотин ва кишварҳои сернуфусе чун Ҳиндустону Индонезия афзоиш ёфтааст. Теъдоди қурбониёни вирус ва гирифторӣ ба он дар шарқи Осиё ва Аврупо дар ҳоли кам шудан аст. Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, ки аз густариши вируси корона осеби ҷиддӣ диданд, бахше аз маҳдудиятҳоро бардоштанд. Бемории COVID-19 моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор карда шуд. Ҳоло дар он кишвар рӯзона шумори андаки ҳолатҳои гирифторӣ ба вирусро сабт мекунанд, аммо дар бораи дурустии рақамҳо шак вуҷуд дорад.