Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори расмӣ: 81 нафари дигар бемор шуд, талафот нест. Инфографика


Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 81 мавриди нави гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро сабт кардааст. Ба иттилои ин ниҳод давоми 24 соати ахир дар кишвар ҳеч кас аз COVID-19 нафавтидааст.

Тибқи омори мақомоти тоҷик, то имрӯз коронавирус ба 4370 нафар сироят карда, 2491 ё 57 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.

Мақомот мегӯянд, аз замони эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир 48 нафар фавтидаанд.

Аммо аз оғоз то имрӯз шубҳаву гумонҳо ба омори нашркардаи мақомот зиёд аст. Бархе мутахассисон ва бисёриҳо мегӯянд, омори воқеии гирифторӣ ва маргумир аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон бештар аз рақамҳои нашркардаи мақомот аст.

Дар як феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш таҳиягарони он номи 410 нафарро дарҷ кардаанд. Мақомот ин феҳрастро эътироф намекунанд ва дастрасӣ ба онро дар ҳудуди кишвар масдуд кардаанд.

Тайи як ҳафтаи ахир мақомот аз кам шудани гирифторӣ ба бемории COVID-19 хабар медиҳанд, аммо ҳамзамон ба сокинон ҳушдор додаанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддан риоя кунанд. Ба таъкиди мақомот, аҳолӣ бе ниқобҳои муҳофизатӣ бояд аз хона набароянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи байниҳамдигарро риоя кунанд ва бидуни зарурат ба Душанбе сафар накунанд. Вагарна ба таъкиди мақомот сар задани мавҷи дуюми беморӣ аз эҳтимол дур нест.

Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки коронавируси нав ба кишвар сироят кардааст, ҳарчанд бо назардошти фавти чандин нафар аз бемории, ба гуфтаи мақомот, "илтиҳоби шуш" мутахассисон мегуфтанд, беморӣ вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG