Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони тоҷик қарори Трампро танқид карданд. САДО


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон қарори президенти Амрикоро дар бораи танзими кори шабакаҳои иҷтимоӣ танқид карданд. Онҳо мегӯянд, ҳатто дар сурати рад шудани қарор аз тарафи Конгресс ва додгоҳ, он "дастаке" ба ҳукуматҳои поймолкунандаи озодиҳои сиёсӣ хоҳад шуд.

Рӯзи 28-уми май президенти Амрико Доналд Трамп қарори баҳсбарангези танзимкунандаи шабакаҳои иҷтимоиро имзо кард. Матни он дар саҳифаи Кохи Сафед нашр шуд. Бар асоси он, эҳтимоли тағйир ёфтани моддаи 230-и Қонун дар бораи "ахлоқи матбуот" аз соли 1996 вуҷуд дорад. Ин модда шабакаҳои иҷтимоиро ҳимоят ва онҳоро дар сурати нашри маводи баҳсбарангези корбарон аз пайгарди қонунӣ озод мекунад.

Матбуоти амрикоӣ навиштанд, дар сурати ҳукми қонун гирифтани қарори Трамп зарбаи асосӣ болои Фейсбук ва Твиттер хоҳад уфтод. Аз миёни ин ду шабака дар Тоҷикистон Фейсбук пойгоҳи муҳими изҳори назар ва нашри хабарҳои мардумӣ ба шумор меравад.

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба қарори нави Трамп
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои нав ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, "вазъият ҳассос аст" ва қарори Трамп бояд аз чанд ҷониб баҳогузорӣ шавад.

Ӯ афзуд: "Аввал ин ки системаи баҳогузории Твиттер суолбарангез аст, чунки аз назари меъёрҳои далелсанҷӣ, яъне фактчекинг, ба назари шахсии инсонҳо баҳогузорӣ кардан ғайримантиқӣ аст ва ҳар кас, чӣ одами одӣ бошад ва чӣ президент, ба он баҳогузорӣ кардан маъно надорад. Аз нуқтаи назари дигар бармало аст, ки Доналд Трамп чандон озодипараст нест… ва расонаҳое, ки ба ӯ писанд нестанд, тамғаи "фейкнюс" доранд".

Президент Доналд Трамп баъди он кори шабакаҳои иҷтимоиро танқид кард, ки Твиттер муштариёнро дар бораи эҳтимолан носаҳеҳ будани бархе изҳори назарҳои президент огоҳ кард.

Кор аз он ҷо шуруъ шуд, ки Твиттер зери навиштаи Трамп дар бораи "эҳтимоли тақаллуб шудани баргаҳои раъй ҳангоми овоздиҳӣ тавассути почта" гуфт, ин андеша боварбахш нест.

Ҷек Дорсӣ, раҳбари кулли ширкати Твиттер шарҳ дод, ки навиштаҳои Трамп ҳамчун "маводи носаҳеҳ" ва ба унвони иттилое, ки боис ба эҷоди суитафоҳум мешавад, ишора шуд.

Асомуддин Атоев, коршиноси соҳаи сиёсати интернети шаҳрвандӣ мегӯяд, ҳар гуна тасмим дар заминаи танзими эҳтимолии шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамият касб мекунад, чун ин пойгоҳҳо "фарогир ва таъсиргузор ба тамоми олам" ҳастанд.

Ӯ мегӯяд, қарори президент Трамп дар сурати мавриди иҷро даромаданаш ба фаъолияти корбарон таъсир мегузорад. Атоев бо андешаи моликони ширкатҳои иҷтимоӣ розӣ аст, ки ин қарор "сензура дар шабакаҳои иҷтимоиро вусъат мебахшад".

Ин коршинос бовар дорад, ки агар дар ҷомеаи Амрико пеши роҳи ин пайомадҳоро гирифта тавонанд, дар кишварҳои дигаре ба монанди Тоҷикистон "худсензура, ки бе ин ҳам фарогир аст, боз шадидтар мешавад ва мавқеи сензураи расмиро мустаҳкам мекунад".

Зимнан, дар ширкати Твиттер ҳам қарори Трампро дар бораи танзими шабакаҳои иҷтимоӣ "сиёсатзада" номиданд ва Фейсбук гуфт, дар сурати ҷавобгӯ шудан барои ҳар навиштаи корбарон, онҳо бояд сензураро ҷорӣ кунанд, то касе наранҷад.

Дар ширкати Google ҳам қарори Трампро маҳкум карданд. Аксар коршиносони ғарбӣ бовар доранд, ки додгоҳ қарори президентро бекор мекунад.

Рустам Гулов ҳам мегӯяд, ягона умед ин аст, ки системаи давлатдории Амрико "бесоҳиб нест" ва "аз эҳтимол дур аст, ки ин қарор амалӣ шавад". Вале, ба гуфтаи ӯ, "шояд дар кишварҳои дигар пас аз ин қарорҳое пайдо шаванд, ки бар асоси идеяи "таҳти назорат гирифтани шабакаҳои иҷтимоӣ" бо баҳонаҳои мисли "ҳимояи озодии баён, озодии сухан, амният" вазъиятро бадтар мекунанд".

Асомуддин Атоев мегӯяд, ҳатто дар сурати қабул нашудани қарори Трамп, дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ "ба мақомоти безор аз технологияи нав, ки шабакаҳоро таҳдид мебинанд, на василаи рушд" чунин амалҳо барои гӯё "зараровар" номидани шабакаҳо як дастак мешавад.

Дар Тоҷикистон солҳои охир фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоту мухолифони ҳукумат сохторҳои давлатиро дар маҳдудкунии озодии баён, масдудкунии дастрасӣ ба шабакаҳову вебсайтҳои хабарӣ, роҳандозии кори "фабрикаи ҷавоб" ва ҳамла ба мунтақидон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG