Сармураббии дастаи “Реал”-и Мадриди Испания Зайниддин Зидан дар рӯйхати 10 мураббии беҳтарин дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо, ки онро сомонаи футболи squawka.com нашр кардааст, дар мақоми аввал қарор дорад.
Зидан ягона мураббиест, ки пайиҳам дар се мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳо (солҳои 2016, 2017 ва 2018) ғолиб шудааст. Ҳамагӣ Зидан дар доираи Лигаи қаҳрамонҳо дар 26 бозӣ пирӯз гаштааст.
Мақоми дувумро дар ин феҳрист сармураббии феълии дастаи «Манчестер Сити»-и Аглия Ҳосеп Гвардиола касб намудааст. Ба ӯ муяссар шудааст, ки ду бор (солҳои 2009 ва 2011) бошгоҳи «Барселона»-и Испанияро дар Лигаи қаҳрамонҳо ғолиб намояд.
Ба сегонаи беҳтарин мураббиёни Лигаи қаҳрамонҳо, инчунин сармураббии феълии дастаи «Эвертон»-и Англия Карло Анчелотти дохил аст. Ӯ бо ду бошгоҳ - «Милан»-и Италия (солҳои 2003 ва 2007) ва «Реал»-и Испания (соли 2014) дар Лигаи қаҳрамонҳо ғолиб шудааст.
Рӯйхати 10 мураббии беҳтарин дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо :
1. Зайниддин Задан («Реал»)
2. Ҳосеп Гвардиола («Барселона», «Бавария», «Манчестер Сити»)
3. Карло Анчелотти («Парма», «Ювентус», «Милан», «Челси», «ПСЖ», «Реал», «Бавария», «Наполи»)
4. Жозе Моуриню («Порту», «Челси», «Интер», «Реал», «Манчестер Юнайтед», «Тоттенҳэм»)
5. Луи ван Гал («Аякс», «Барселона», «Бавария», «Манчестер Юнайтед»)
6. Алекс Фергюсон («Манчестер Юнайтед»)
7. Юпп Ҳайнкес («Реал», «Бавария»)
8. Висенте дел Боске («Реал»)
9. Рафаэл Бенитес («Ливерпул», «Интер», «Челси», «Наполи», «Реал»)
10. Оттмар Ҳитсфелд («Боруссия» Д, «Бавария»).
Ба ошхонаю чойхонахо ин ОФАТИ НАСИЯ меоя. Насяхурхои бевозврат
Бо Рузи 8-уми Март Тамоми Занхои Точикистон ва тамоми хайати кори бонувони Радиои Озодиро табрик намуда ба онхо пеш аз хама хушбахти дар оила, тансихатиро хохонам. Муборак бошад Бонувон Идатон. 😍😍😍😍😍❤️❤️❤️❤️❤️❤️👋👋👋👋👋👋
90 фоизи нархаш аз коррупсия ва порадиҳи сохта шудааст, барои ҳамин ин қадар қиммат, тақрибан ҳар як чорогакрр ба нархи Айфони 12 насли нав насб кардаанд))
Комилан дуруст. Баъзан мебинед, ки дар забони форсии хозира бо таъсири забонхои аврупои иборахои нав ворид шудаст ва на он кадар ба мантик дуруст меоянд, вале мо дурусти худро партофта, надурусташон кабул мекунем. Мисол, "барои бори аввал" кабул карданд баъзе "забондонхои бохабар" чои "аввалин бор" аз форсии хозира, ки тарчимаи тахтуллафз аз забони англисист.
Ин ҳукумат давно муфлис шудагӣ, фақат парашюти пропагандаи патриотизми дурӯғин ва доду фарёди роғунсозӣ онро нигаҳ дошта истодаанд. Он парашют як рӯз медарад, чунки ҳаррӯза хабарҳои интернет дар он сурохиҳо канда истодаанд ва ин ҳукумат бо ҳама дегу косааш ба замин хоҳад хӯрд.