Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи севвум аст, ки аз коҳиши гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар кишвар хабар медиҳад. Ин ниҳод дар гузориши тозааш шоми 26-уми май навишт, дар шабонарӯзи гузашта 166 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси навро ба қайд гирифтааст. Дар ҳоле, ки то се рӯзи пеш ин рақам ҳамарӯза аз 200 нафар бештар буд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ аз рӯзи 30-юми апрел то имрӯз гирифтории 3266 нафар ба коронавирус дар кишвар собит шуда, 1417 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Мақомот гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта як ҳолати нави марг аз ин бемориро сабт кардаанд ва дар умум теъдоди қурбониён COVID-19 ба 47 нафар расид.
Аммо шубҳаву гумонҳо дар бораи омори мақомот зиёд аст ва бархе мунтақидон мегӯянд, теъдодии воқеии қурбониён ва фавтидагон метавонад аз ин бештар бошад. Аз ҷумла, бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" 348 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.
Ҳафтаи ахир пизишкони бархе бемористонҳо якбора аз кам шудани сафи маризон ва холӣ шудани баъзе аз катҳои беморӣ хабар доданд. Вазорати тандурустӣ ҳам мегӯяд, дар рӯзҳои ахир муроҷиати беморон кам шудааст.
Аммо мутахассисон коҳиши муроҷиати сокинонро ба бемористонҳо ҳанӯз поёни бархӯрд бо коронавируси нав намедонанд. Онҳо мегӯянд, бахше аз мардум дар хонаҳои худ муолиҷа мегиранд, чун мақомот гуфта буданд, танҳо беморони вазъашон сангинро қабул мекунанду бас.