Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии футболи Олмон дубора шуруъ шуд


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Олмон, ки ба далели пандемияи коронавирус мавқуф гузошта шуда буд, бо бозиҳои даври 27-ум азнав оғоз ёфт.

Дар нахустин бозии даври 27-уми Бундеслига ду дастаи Берлин - «Герта» ва «Унион» - бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии «Герта» бо ҳисоби бузурги 4:0 хотима ёфт.

Рӯзи шанбе «Боруссия»-и Дортмунд «Вольфсбург»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. «Боруссия»-и Менхенгладбах аз «Байер» бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. «Бавария»-и Мюнхен бар «Айнтрахт» бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад.

Рӯзи якшанбе «РБ Лейпсиг» ба дарвозаи «Майнс» панҷ голи беҷавоб зад, ки сетоашро Тимо Вернер ба ҳадаф расонда, хет-трик кард. «Шалке» дар майдони худ бозиро ба «Аугсбург» бо ҳисоби 0:3 бохт. «Кёлн» бозиро бо «Фортуна» бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Ба иллати пандемияи коронавирус бозиҳои қаҳрамонии Олмон бе тамошобин баргузор шуданд. Ҳамаи бозиҳо бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотираи онҳое, ки аз бемории COVID-19 фавтидаанд, оғоз ёфт.

Дар ҳамин ҳол 18 дастаи Бундеслига ҳар кадом 27 бозӣ анҷом додаанд. Дар ҷадвали мусобиқа «Бавария»-и Мюнхен бо 61 имтиёз пешсаф аст. «Боруссия»-и Дортмунд, ки 4 имтиёз камтар гирифтааст, дар ҷойи дувум қарор дорад. «Лейпсиг» 54 имтиёз, «Байер» - 53, «Боруссия» аз Менхенгладбах 52 имтиёз ба даст овардаанд.

Қаҳрамонии Олмон, даври 27-ум

Шалке - Аугсбург - 0:3 (0:1, 0:2)
Голҳо: 0:1 - 6 Левен, 0:2 - 76 Саренрен-Базее, 0:3 - 90 Кордова.
Огоҳӣ: Варгас (8), Груэсо (60).

Майнс - РБ Лейпсиг - 0:5 (0:3, 0:2)
Голҳо: 0:1 - 11 Вернер, 0:2 - 23 Поулсен, 0:3 - 36 Забитсер, 0:4 - 48 Вернер, 0:5 - 75 Вернер.
Огоҳӣ: Забитсер (13), Упамекано (17), Кунде (20), Брума (30), Вернер (35), Сен-Жюст (79).

Кёлн - Фортуна - 2:2 (0:1, 2:1)
Голҳо: 0:1 - 41 Караман, 0:2 - 61 Томми, 1:2 - 88 Модест, 2:2 - 90 Кордоба.
Огоҳӣ: Зоботтка (90).

Волфсбург - Боруссия Д - 0:2 (0:1, 0:1)
Голҳо: 0:1 - 32 Геррейру, 0:2 - 78 Ҳакимӣ.
Огоҳӣ: Дилэйни (55), Гинчек (60), Брукс (65), Азар (74), Арнолд (86), Шлагер (90).
Аз майдон хориҷ шуд: Клаус (82).

Падерборн - Ҳоффенхайм - 1:1 (1:1, 0:0)
Голҳо: 0:1 - 4 Сков, 1:1 - 9 Србени.
Огоҳӣ: Василиадис (31), Гясула (61), Србени (67).

Фрайбург - Вердер - 0:1 (0:1, 0:0)
Гол: 0:1 - 19 Битенкур.
Огоҳӣ: Фридл (29), Баргфреде (42).
Аз майдон хориҷ шуд: Баргфреде (88).

Боруссия М - Байер - 1:3 (0:1, 1:2)
Голҳо: 0:1 - 7 Хавертс, 1:1 - 52 Тюрам, 1:2 - 58, аз пеналтӣ Хавертс, 1:3 - 81 Бендер.
Огоҳӣ: Диаби (62), Бенсебайни (71).

Бавария - Айнтрахт Ф - 5:2 (2:0, 3:2)
Голҳо: 1:0 - 17 Горетска, 2:0 - 41 Мюллер, 3:0 - 46 Левандовски, 3:1 - 52 Хинтереггер, 3:2 - 55 Хинтереггер, 4:2 - 61 Дэвис, 5:2 - 74, автогол (гол ба дарвозаи худ) Хинтереггер.
Огоҳӣ: Хинтереггер (35).

Герта - Унион Берлин - 4:0 (0:0, 4:0)
Голҳо: 1:0 - 51 Ибишевич, 2:0 - 52 Лукебакио, 3:0 - 61 Матеус Куня, 4:0 - 77 Боята.
Огоҳӣ: Паренсен (9), Лукебакио (43), Груйич (67).

Қаҳрамонии футболи Испания 8-уми июн азнав шуруъ мешавад

Қаҳрамонии футболи Испания, ки ба иллати пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуда буд, рӯзи 8-уми июн азнав оғоз меёбад. Дар ин бора рӯзномаи Marca бо истинод ба иттилои сарвазири Испания Педро Санчес хабар медиҳад.

«Испания он чиро, ки бояд иҷро мекард, анҷом дод. Акнун дар назди ҳар яки мо вазифаҳои нав меистад. Замоне расидааст, ки бисёре аз машғулиятҳои ҳаррӯзаи мо азнав барқарор шавад. Қаҳрамонии футболи кишвар 8-уми июн азсар гирифта гирифта хоҳад шуд», - иброз дошт Санчес.

Қаблан президенти Ла Лига (дивизиони зӯртарини қаҳрамонии Испания) Хавйер Тебас иттилоъ дода буд, ки ҳамаи бозиҳо бидуни тамошобин баргузор мешаванд. Ба бошгоҳҳо иҷоза дода шуда буд, ки аз 18-уми май тамринҳои гурӯҳиро азнав шуруъ кунанд, то ин замон машқҳо ба таври инфиродӣ мегузашт.

Қаҳрамонии футболи Испания нимаи моҳи март боздошта шуда буд. Баъди натҷагирии 27 давр дар ҷадвали мусобиқа «Барселона», ки 58 имтиёз гирифтааст, пешсаф мебошад. «Реал»-и Мадрид бо 56 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. «Севиля» бо 47 имтиёз мақоми севумро касб намудааст.

Рӯзҳои наздик, инчунин мусобиқоти қаҳрамонии футбол дар Италия, Сербия, Булғористон, Ҷумҳурии Чех, Португалия ва Украина азсар гирифта хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG