Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД барои пайдо кардани ҳамлаварон ба хабарнигор парванда боз кардааст


Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, ки дар робита ба латту кӯби хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Мақомот гуфтанд, қазияи ҳамла ба рӯзноманигор бар асоси моддаи 237 ё авбошӣ таҳқиқ мешавад.

Дар хабари Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзи 15-уми май омадааст, Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоми 11-уми май ҳангоми бозгашт ба хона аз сӯи ду фарди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомот бар пояи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои хабарнигорро “сабуки ҷисмонии ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта” гуфтаанд.

Абдулло Ғурбатӣ рӯзи 15-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пас аз ин ҳодиса ӯ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурда буд. Аммо таъхир дар таҳқиқи ин қазия дар шӯъбаи мазкур ӯро водор кард дигарбора ва ин бор ба Вазорати корҳои дохила муроҷиат кунад.

"Аризаи маро санаи 12-уми уми май қабул карда буданд. Баъди ду рӯз ман ба кормандони шӯъбаи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ занг задам, посух надоданд ва ба рақами боварии вазорат занг задам, то маро аз ҷараёни кор огоҳ кунанд. Худи ҳамон шаб ба вазорат даъват шудам ва парванда оғоз шуд,"-гуфт Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Хабарнигор мегӯяд, умедвор аст, ҳамлагарон пайдову муҷозот хоҳанд шуд. Вазорати корҳои дохилӣ ҳам гуфтааст, рафти тафтишоти пешакӣ таҳти таҳти назорати роҳбарияти Вазорат қарор дорад. То имрӯз чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, САҲА ва Сафорати Амрико дар Душанбе аз ҳодиса изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG