Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби навбатии Ҳабиб Нурмагомедов маълум шуд


Рақобати Тони Фергюсон ва Ҷастин Гэйдҷи ҷолиб гузашт
Рақобати Тони Фергюсон ва Ҷастин Гэйдҷи ҷолиб гузашт

Ҷастин Гэйҷи, размикори амрикоӣ оид ба муҳорибаи омехта (MMA), ҳамватани худ Тони Фергюсонро дар раунди панҷуми мубориза барои унвони муваққатии қаҳрамонии UFC дар вазни сабук шикаст дод. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, мусобиқаи UFC 249 дар Ҷексонвилл (Флорида, ИМА) дар пасманзари пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон бе ҳузури тамошогарон доир гардид. Мақомоти иёлоти Флорида ва комиссияи варзишӣ ба мусобиқа иҷозат доданд, ки тибқи қоидаҳои муайян ва муоинаи ҳаррӯзаи ташхиси тиббии зарурӣ баргузор карда шавад.

Гэйҷи бо шикаст додани Тони Фергюсон довталаби ҳатмӣ дар мубориза бо дорандаи унвони пурраи қаҳрамонӣ Ҳабиб Нурмагомедови русиягӣ гардид. Ҷастин Гэҷйҷӣ дар тӯли мубориза бартарӣ дошт. Фергюсон якчанд маротиба ба нокомӣ дучор шуд, аммо ӯ тавонист аз ҷароҳатҳои калон канорагирӣ кунад. Дар раунди панҷум довар Ҳерб Дин тасмим гирифт, ки мубориза бо сабаби нигарониҳо дар бораи саломатии Фергюсон қатъ шавад.

"Ман интизори камарбанди воқеӣ ҳастам. Ҳабиб беҳтарин дар ҷаҳон аст. Ман чор сол инҷониб барои чунин рақобатҳо кор мекунам ва шодам, ки ИМА-ро дар муқобили беҳтарин размикори Доғистон ё Русия намояндагӣ хоҳам кард. Вай дар 28 қувваозмоӣ 28 ғалаба ба даст овардааст. Ман дигар мақсад надорам, ман мехоҳам бо ӯ мубориза барам”, - гуфт Гэйҷи пас аз рақобат бо Фергюсон.

Нурмагомедов рақобати Гэйҷиро дар мубориза бо Фергюсон ҷолиб номид. Қаблан, русиягӣ гуфта буд, ки вай рақобати навбатиро моҳи август ё сентябр баргузор карда метавонад. Қувваозмоӣметавонад дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG