Бозиҳои дуюми ҷаҳонии соҳилӣ, ки бояд соли 2021 баргузор мешуд, ба иллати пандемияи Covid-19 ба соли 2023 ба таъхир гузошта шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC), ки созмондиҳандаи бозиҳо мебошад, ин тасмимро ба хотири кам кардани фишор болои кумитаҳои миллии олимпӣ ва бо мақсади он ки онҳо дар бораи омодагии варзишгаронашон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки ба соли 2021 гузаронида шуд ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 фикр кунанд ва тайёрӣ бинанд, гирифтааст.
Аввалин Бозиҳои ҷаҳонии соҳилӣ аз 12-ум то 16-уми октябри соли 2019 дар Доҳаи Қатар доир гашт ва аз рӯи нақша он бояд ҳар ду сол баргузор шавад, вале ҳамакнун баъд аз чор сол доир мегардад.
“Дар робита ба он ки Бозиҳои олимпии Токио ба соли оянда таҳвил дода шуд ва пас аз шаш моҳ Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ба нақша гирифта шудааст, Кумитаи иҷроияи ANOC ба хулоса омад, ки баргузории Бозиҳои ҷаҳонии соҳилӣ миёни ду бозиҳои олимпӣ фишори бузург болои кумитаҳои миллии олимпӣ мешавад. Албатта варзишгарон ва барномаи бозиҳо фарқкунандаанд, аммо кумитаҳои олимпӣ бояд дастаҳояшонро омода кунанд, - омадааст дар изҳороти ANOC. – Бо таҳвил додани бозиҳо мо ҳаҷми кори кумитаҳои миллии олимпиро дар соли оянда камтар мекунем ва барои омодагӣ ва сафарбар кардани беҳтарин варзишгаронашон дар соли 2023 имкон фароҳам меоварем”.
Дар аввалин Бозиҳои ҷаҳонии соҳилӣ дар Доҳаи Қатар варзишгарон аз рӯи 19 намуд, монанди гуштӣ, карате, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, тенниси соҳилӣ, футболи соҳилӣ, намудҳои обӣ (вейкбординг, лижатозии обӣ, шиноварӣ дар оби кушода, сёрфинг ва ғайра) рақобат карданд.
Мунтахаби Испания бо касби 10 медал (7 тилло, як нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввлро соҳиб шуд. Мунтахаби Бразилия (5-4-3) ҷойи дуюм ва мунтахаби Италия (4-1-1) ҷойи сеюмро ишғл карданд.
Ҳамагӣ намояндагони 40 кишвар бо медалҳо сарфароз шуданд, аз он ҷумла варзишгарони 15 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия (2-2-3), Гурҷистон (2-1-1), Беларус (1-1-1), Озарбойҷон (0-4-1) ва Украина (0-1-2) бо медалҳои аввалин Бозиҳои ҷаҳонии соҳилӣ мукофотонида шуданд.
фикр мекунам, ин афв бештар ба мансабдорон ва наздикони президент нигаронида шудааст, то сармояҳоеро, ки дар хориҷа нигоҳ медоранд, ба кишвар бозгардонанд. Baraks!! In konun baroi konuni kardani pulxoi shirkatxoi ba mis фикр мекунам, ин афв бештар ба мансабдорон ва наздикони президент нигаронида шудааст, то сармояҳоеро, ки дар хориҷа нигоҳ медоранд, ба кишвар бозгардонанд. Baraks! Dar Garb konun bar ziddi pulshui saxtar shudagi. Pulhoi jaamshudaashonro boyad ba afshorho guzaronid. Aafu konuni nakunand, dar Garb pulhoyashonro arest mekunand! Ana baroi hamin! Pulxoi Nazarboevu chand Oligarxhoi Russia yak bor alakai suxta pud.
Шумо ҳамин ҷиноятҳоро дар назар доштед? “Тарафдори факт ва илм”? 1.Инквизиция дар Аврупои асримиёнаги, ки хатто ба тифлони дар батни модарон буда хам рахм намекарданд. 2.Истеъмору дуздиву горатгарии Британияи истеъморгар нисбати Шарку, Хинду, Полинези. 3.Вахшигарихои Фаронсавихо дар Алжир-2 миллион мусалмонони катл шуда. 4.Омрико бо катли берахмонаи Херосима Нагасаки, Вьетнам,Ирок, Афгонистон, Сурия. 5.Русхо дар Кавкозу, Осиёи Миёна ва Афгонистону Сурия. 6.Чангхои 1 ва 2-ми чахони, Олмон, 7.Фаластини гасбшуда.
Эй бародар аз паёмат хастаем, Гарчӣ бар хоки ватан дил бастаем. Бас кун охир ҳарзаву ҳазёни худ, Шод бинмо мардуми нолони худ!
Ягон кишваре нес тки гуфтабошад ТОЧИКИСТОНРО ЗАБТ Карданист? Ман мегуям ки хаст инхел давлат ва номи ин давлат Киргизистон у ба хаштод дар сади вилояти сугдро забт мекардаги ва ин хам ошкоро
10 сол пеш вазият хело хубтар буд, хозир ин оила ошкоро горат мекунад ва аз хеч кас тарс надоран!!!!