Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ барои сафари ҳайаташ ба Тоҷикистон аз Маскав ёрӣ хост


Мошини Ёрии таъҷилӣ дар Хуҷанд

Ҳанс Клюге, раҳбари дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, аз фавти пайиҳами одамон аз илтиҳоби шуш (атипичная пневмония) дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст. Вай ин нуктаро 29-уми апрел дар суҳбати видеоӣ бо Анна Попова, сардори "Роспотребнадзор" ё идораи беҳдоштии Русия баён кард.

Расонаҳои Русия хабар доданд, ки раҳбари дафтари аврупоии СҶТ ҳамзамон барои ташкили сафари ҳайати коршиносони созмон ба Тоҷикистону Туркманистон аз Маскав кумак хостааст.

Клюге ба Анна Попова, сардори "Роспотребнадзор" гуфтааст, ёрии Русия аз лиҳози техникиву сиёсӣ муҳим аст, чун Тоҷикистону Туркманистон ба гапи Маскав гӯш медиҳанд.

Пештар намояндаи СҶТ дар Тоҷикистон Галина Перфилева ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар аввали моҳи май як ҳайати коршинсон ба Тоҷикистон меоянд ва сафари онҳо бо Душанбе ҳамоҳанг шудааст.

То ин дам дар бораи аъзои ҳайат чизе гуфта намешавад.

Вале раиси "Роспотребнадзор" Анна Попова дар суҳбат бо Ҳанс Клюге барои даъвати коршиносони Русия ба Тоҷикистону Туркманистон ибрози сипос кардааст.

Вай гуфтааст, он коршиносони Русия, ки барои муқобила бо коронавирус дар Чин кор карда, таҷруба андӯхтанд, ба Тоҷикистону Туркманистон мераванд.

Клюге гуфтааст, дар Тоҷикистону Туркманистон расман коронавирус ошкор нашудааст, аммо шумори фавтидагон ва беморони илтиҳоби шуш афзудааст.

РЕН ТВ аз қавли намояндаи СҶТ навишт, ки ӯ аз афзоиши фавти одамон аз бемории илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон нигарон аст.

Ин телевизион аз қавли хонум Попова иқтибос кардааст, ки мегӯяд, онҳо низ аз вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон нигаронанд. "Мо ҳам мисли Шумо нигаронем. Барои даъвати коршиносони Русия барои ширкат дар ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ташаккур мегӯям", - афзудааст ӯ.

Сафари мутахассисони СҶТ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти тоҷик исрор меварзанд дар кишвар бемории ҳамагири COVID-19 вуҷуд надорад.

Ҳафтаҳои ахир чандин нафар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе бо илтиҳоби шуш фавтиданд ва наздикони онҳо зери карантин ҳастанд. Ин вазъият шубҳа ва нигаронии сокинонро дар бораи омору маълумоти расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.

XS
SM
MD
LG