Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Андоза"-и бовар. Мардуми Тоҷикистон хомӯш, аммо мунтазир аст?


Дар як растаи бозори "Саховат"
Дар як растаи бозори "Саховат"

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Шояд дар зоҳир одамон дар Тоҷикистон ором намоянд. Дар асл ҳама ташвиш доранд. Саволи мушаххас барои изтироб як аст: агар COVID -19 ба кишвар наомадааст, пас маргумири одамон ва афзоиши якбораи “пневмония” ба чӣ иртибот мегирад? Оё дуруст аст, ки теъдоди одамони бемор ҳар лаҳза меафзояд ва аз ин рӯ бар иловаи шифохонаҳои қаблан таъиншуда, бемористонҳои дигар ва ҳатто бархе толорҳои варзишӣ ва идораҳоро барои ин омода мекунанд? Худое нахоста, ин вирус ба мо ҳам расида бошад, ба чӣ ҳоле гирифтор хоҳем шуд?

Одамон ба дараҷае нобовару рӯҳафтода шудаанд, ки намедонанд аламашонро аз кӣ гиранд. Аз ин ҷост, ки гоҳ – гоҳ сӯи расонаҳои хабарӣ гила ва ҳатто эътироз пеш меоваранд, ки чаро фақат ҷониби марги одамон ва “пневмония” тамаркуз кардаанд?

Ё вақте Раҳматилло Зойиров – раиси ҳизби мухолифи ҳукумат

Раҳматилло Зойиров
Раҳматилло Зойиров

зимни як муроҷиатнома мавқеи шаҳрвандии худро изҳор кард, зуд ба ӯ дарафтоданд, ки аз вазъият ба манфиати худ суистифода карданист.

Гурӯҳҳои дигари иҷтимоӣ, агар ҳастанд, мисли ҳамеша хомӯширо беҳтар медонанд. Мардум дигар одат кардаанд, ки чунин масъалаҳои муҳим дар сатҳи парлумон мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Аммо Вазорати корҳои дохилӣ мисли ҳамеша фаъол аст ва заруру нозарур ба як масъалаи сирф соҳавӣ худро ҳамроҳ мекунад: ба овозаву ҳангомаҳо дода нашавед, дар Тоҷикистон коронавирус нест!

Дар чунин шароит тахмин кардан мумкин, ки одамон бо чӣ далел бисёр бечораҳол ба назар мерасанд. Онҳо маълумоти воқеиву мӯътамад надоранд!

Воқеан, гуфтан бисёр душвор аст, ки Тоҷикистон бӯҳрони коронавирусро аз ибтидо ҷиддӣ гирифтаву баррасӣ намуд. Оре, дар хабарҳои расмӣ мехонем, ки ҳанӯз аз 23 январ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ як ситод фаъол шудаву баъдтар ситоди дигаре таҳти роҳбарии муовини сарвазир Ширин Исматуллозода ҳам амал мекардааст.

Гуфтан мумкин, ки бӯҳрон ва масъаларо то ҷое андактар эҳсос карданд. Вақте 18 март Амри Президент Раҳмон “бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID - 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд ва ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис ёфту роҳбарии он ба дӯши Сарвазир Коҳир Расулзода вогузор гардид. Ба ҳайати ин ситод роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, котиби Шӯрои амният, прокурори генералӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони «Барқи Тоҷик», «Тоҷикматлубот» ва дигарон шомил шуданд.

Ҳамон замон хабар доданд, ки ин ситод як барномаи зиддибӯҳронӣ таҳия мекунад ва ҳадафи ин барномакам кардани хатароти эҳтимолии коронавирус ба иқтисоди кишвар буда, дар доираи он ба соҳибкорон сабукӣ медиҳанд ва таъмини бозорро ҷиддӣ назорат мекунанд.

Бахшҳои асосии барномаи зиддибӯҳрониро чунин тафсир мекарданд:

  • таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орду равған, гӯшт, шакар, тухм ва сабзавот;
  • зиёд намудани истеҳсолу захираи онҳо ва пешгирии болоравии нархҳо;
  • таъмини иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти маош ва нафақа;
  • дастгирии қишри осебпазири ҷомеа.

Дертар расонаҳои расмӣ хабар доданд, ки дар доираи ин ситод вазъи иқтисодии мамлакат бо назардошти таъсири эҳтимолии омилҳои беруна бо сенарияҳои гуногун баҳогузорӣ шуда, ҷиҳати кам кардани таъсири омилҳои манфӣ ва таъмини рушди устувори макроиқтисодӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.“Вале бо назардошти хусусияти хизматӣ доштан онҳо дар воситаҳои ахбори омма нашр намегарданд”.

Мушкили аслӣ дар ана ҳамин ҷост: шаффоф набудан!

Вақте шаффофият вуҷуд надорад, мардум ё фикр мекунанд, ки ҳукумат коре намекунад, ё коре аз дасташ намеояд.

Дар кишварҳои дигар вазъ комилан фарқ мекунад. Албатта манзури мо мамолики боз ва демократист. Ҳукуматҳо ҳар иқдоми худро бо мардум машварат менамоянд, ба онҳо ҳисобот медиҳанд. Ҳатто дар ҳамин Русияи путинӣ ҳам, ки дар ҷаҳони Ғарб ҳич дӯсташ намедоранд. Аллакай чанд бор ӯ ба мардумаш муроҷиат намуд, тасмимҳои ҳукуматро тафсир кард ва ошкоро гуфт, ки “моро роҳи душворе дар пеш аст”.

Чунин як ошкоргӯӣ мардумро эътимод мебахшад, ки ҳукумат масъаларо дуруст ҳазм кардааст ва дар фикраш ҳаст.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон

Ба иззати нафси ҷаноби Қоҳир Расулзода расиданӣ нестам, аммо ӯ ва бисёрии дигарон медонанд, ки сарвазирӣ дар ҷомеаҳои мисли мо мансаби муҳиме ба ҳисоб намеравад. Вақте раисии ҳукуматро нафари дигар ба ӯҳда дорад, нақши сарвазир комилан рамзист. Барои равшантар шудани масъала як мисоли хеле содда меорам. Тақрибан ду сол пеш Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб сафари корӣ дошт ва супориш дод, то постгоҳи БДА -ро дар сарҳади ноҳияи Восеъ, ки ронандаҳоро ба дод оварда буд,аз байн баранд. Аммо як сол ҳам аз миён нагузашта, ин постгоҳ аз нав фаъол гардид. Фикр мекунам, манзурамро дуруст фаҳмидед...

Гуфтан мехоҳам, ки вазъияти феълӣ ба муҳокимаи ҷиддӣ ва сатҳи хеле баланд ниёз дорад. Агар ҳукумат фикр мекунад, ҳоло низ чизи муҳиме иттифоқ наафтодааст, худфиребӣ беш нест.

Инро ҳама медонанд, ки дар Тоҷикистон танҳо гапи як нафар эътибор дорад ва таъсиргузор аст: Эмомалӣ Раҳмон!

Ва агар ҳукумат андоза ё “лимит” -и боварии худро ҳоло аз даст надодааст, маҳз ба ҳамин омил вобастагӣ мегирад ва онро боз ҳам бояд истифода намояд.

Дар замина, ҳарчанд дар тамоми дунё бӯҳрони коронавирусро як масъалаи ҷиддии ниёзманд ба баррасии стратегӣ меҳисобанд, Тоҷикистон ин фурсатро аз даст дод. Ҳоло зарур аст, ки чанд иқдоми тактикӣ гирифта шавад.

Аслан ҳукумати Раҳмон дар ин кор усто аст, чун аз ибтидо дар ҳолати душвор ва фавқулодае рӯи кор омад, ки мушкилотро танҳо бо иқдомоти ба қавле тактикӣ ҳал мекард. Яъне роҳи ҳали мушкил замоне пайдо мешуд, ки худи мушкил пайдо мешуд. Агар аз бархӯрдҳои дурбинонаву стратегӣ чизе пайдо шуд, баъд буд, хеле баъд ва он ҳам замоне, ки аз ҳамсафони қаблии Раҳмон дигар касе дар паҳлӯяш набуд. Ин як омили муҳим дар имиҷсозӣ ва барномарезиҳои замони нав аст...

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Ҳоло, ба андешаи инҷониб, фурсате фаро расидааст, ки президент Раҳмон роҳбарии ситоди зидди коронавирусро худаш ба ӯҳда бигирад. Зеро ҳукумат худро сафед карда наметавонад, ки гӯё бӯҳрони COVID — 19 Тоҷикистонро ғофилгир кардааст. Он барои ҳамаи кишварҳо нав ва якбора омад. Аз ин ҷост, ки аз таҷрибаи ҳамдигар меомӯзанд ва истифода мекунанд. Мутаассифона, мо фурсати зиёдеро аз даст додем. Албатта, зиндагии одамон дар Тоҷикистонро то замони ин бӯҳрон ҳам хуб гуфтан мумкин набуд. Аммо ҳоло онҳо интизоранд, ки зиндагиашон кай ба маҷрои ҳади ақал начандон хуби пешин бармегардад?

Ин гуна бархӯрд як барномаи дурнамоеро бояд фаро гирад, ки тамоми масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳаётиро дар худ ғунҷонад. Пешгӯиву фарзияи гузинаҳои (вариант) мухталиф баррасӣ шаванд. Оё Ҳукумати Тоҷикистон ин бӯҳронро даврабандӣ кардааст ва онҳо мӯҳлат доранд?

Хуб, дар бораи ин барномаву тахминҳо ва даврабандиашон чизе намедонем. Ба фарзи мисол давраи то 10 майро мегирем, ки шояд ситоди Расулзода ҳам намедонад чаро маҳз рӯи ин сана ист кардаанд. Масалан, оё пас аз ин рӯз, чӣ иттифоқе пеш меояд, ки барҳам задани таътили мактабхонҳо имконпазир мегардад?

Яъне барномаи роҳбурдии ҳукумат бояд давра ба давра ва бо асосҳои қавии илмиву амалӣ муҷаҳҳаз бошаду мӯҳлатҳоеро фаро гиранд.

Ҳамчунин президент бояд ҳамарӯза бо олимони эътирофшудаи бахшҳои гуногун, аз ҷумла тиб, иқтисод ва дигарон машварат доир намояд. Ҳоло вақти таъкиди ин нест, ки бо онҳо вохӯрда буду чизи муҳиме барояш нагуфтанд. Он мулоқот бештар хислати идеологиву таблиғӣ дошт ва гуфтан ҳам душвор аст, ки олимони воқеиву эътирофшуда дар он вохӯрӣ пур буданд. Ҳоло мо ба як бархӯрдҳои ҷиддиву касбӣ ниёз дорем...

Дар ин сурат, ҳам мардум бо иттилои мӯътамад таъмин шуда, ором мегирад, ки мушкиле агар ҳаст, ҳукумат дар фикраш аст, ҳам “лимит” ё марзу андозаи бовар, ки болотар дар борааш гуфтем, афзоиш меёбад.

Баъзан дар чунин ҳолатҳо, ҳатто бархе изҳоротҳои популистона низ ба мардум таъсиргузор мешаванд. Инро мо бисёр шоҳид будаем. Муҳимаш мардум ҳис кунад, ки дар лаҳзаи зарурӣ дар паҳлӯяш ҳастанд. Дар он сурат, ба истилоҳ, аҳзоби сиёсии мавҷуда ва ниҳодҳои дигари хомӯш ҳам шояд дар паҳлуи ҳукумат чизе гӯянд. Хислати ҳама чизи сунъӣ ҳамин аст. Аммо рукнҳои давлатдориро ба ҳар шевае бояд рушд дод.

Сари ин бояд фикр кард...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG