Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти 4 нафар аз илтиҳоби шуш дар як бемористони Душанбе


Дар ду рӯзи ахир дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони машҳур бо номи Якум Советский) дар шаҳри Душанбе 4 нафар бар асари бемории пневмония ё илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ шоми чаҳоршанбе бо нашри баёнияе гуфт, аз бегоҳии 21-уми апрел то 22-юми апрел чаҳор бемор, ки синнашон аз 60 то 73-соларо ташкил медод, аз бемории илтиҳоби шуш ҷон доданд.

Фавтидагон аз Душанбе, Варзоб ва ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Дар ин марказ, ба гуфтаи мақомоти вазорат, 155 нафар бистарӣ ҳастанд ва 114 нафар муолиҷа мешаванд ва онҳо дар баробари бемории илтиҳоби шуш, бемориҳои дил, фишорбаландӣ, бемории гурда ва қанд доранд.

Вазъи саломатии се бемори дигар вазнин будааст.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ, рӯзи 22-юми апрел гуфт: "Мо ҳамаи онҳоеро, ки пневмония ва ё илтиҳоби шуш доштанд, мабодо КОВИД набошанд гуфта, дар ин бемористон барои муолиҷа бистарӣ кардем".

Фавти чанд нафар дар минтақаҳои кишвар, ки мақомот дар аксари мавридҳо онро ба бемории илтиҳоби шуш рабт медиҳанд, нигаронии сокинонро ба миён овардааст.

Дар пасманзари паҳн шудани коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, бархеҳо ба фарзияҳои расмӣ шубҳа мекунанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар то кунун ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон низ айни гапро гуфт.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон фавти бархе аз сокинон аз бемории пневмонияро ба вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи ахир рабт дод.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз корбарон гуфтаҳои мақомотро зери суол бурда, мепурсанд, чаро дар фасли зимистон пневмония зиёд нашуд, вале ҳоло шумораи гирифторони ин беморӣ афзоиш ёфтааст.

Ин вазорат айни замон омори гирифторӣ ба бемориҳоро дар соли 2019 пешниҳод намуд ва гуфт, гирифторшавии сокинон ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш, ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бино ба иттилои вазорат, дар соли 2019 дар кишвар 12802 нафар ба пневмония гирифтор буда, 1031 нафар фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG