Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрдҳои Вазиристони Шимолӣ сарбози артиш ва мусаллаҳон кушта шуданд


1 феврали соли 2020. Вазиристони Шимолӣ
1 феврали соли 2020. Вазиристони Шимолӣ

Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки дар паи ҳамлаи ҷангҷӯён ба як посгоҳи амниятӣ дар шимолуғарби Покистон ва задухӯрди баъди он як сарбози артиш ва панҷ ҳамлагар кушта шуданд. Рӯзи 20 апрел артиш бо пахши изҳороте гуфт, ки ҳамла дар наздикии шаҳри Мироншоҳ, маркази минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ рух дод. Ин қаламрав бо Афғонистон ҳаммарз аст. Дар ин задухӯрд инчунин се сарбоз захмӣ шуд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ дар ин бора изҳори назар накардааст. Вазиристони Шимолӣ то соли 2014 пойгоҳи ҷангҷӯёни маҳаллӣ ва хориҷӣ буд. Баъди ин артиш барои поккории қаламрав аз силоҳбадастон амалиёт барпо кард, вале бо вуҷуди эълони пирӯзӣ бар гурӯҳҳои шӯришӣ, бо сабаби ҳамсоягӣ бо Афғонистон ин минтақа ҳамоно саҳнаи ҳамлаву куштор ва таркиши бомбаҳои сарироҳӣ боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG