Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона шуруъ шуд


Дастаҳои занонаи футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои занонаи футболи Тоҷикистон.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона рӯзи якшанбе, 19-уми апрел, оғоз ёфт. Мисли соли гузашта дар мавсими нав даҳ даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.

Дар бозии марказии даври аввали мусобиқа муддаиёни медалҳои тилло – “Зебонисо”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар – бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии бохтариҳо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Бо ҳамин ҳисоб “Зебо”-и Дӯстӣ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Барқ”-и Норак бар “Равшан”-и Кӯлоб ғолиб омаданд.

Инчунин дар ду бозии дигари даври аввал “Чашма”-и Шаҳритус бар “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби бузурги 6:1 ва “Бешкент”-и Носири Хисрав бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона дар ду давра сурат мегирад ва ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона рӯзи якшанбе, 26-уми апрел, миёни дастаҳои «Хатлон» – «Барқ», «Зебо» – «Равшан», «Чашма» – «Регар-ТадАЗ», «Ҳосилот» – «Панҷшер» ва «Зебонисо» – «Бешкент» доир мегардад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона «Хатлон»-и Бохтар, ки мақоми аввалро касб намуд, бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. “Зебонисо”-и Душанбе, ки ҷойи дувумро гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ба дастаи “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ, ки ҷойи севумро азони худ кард, медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона

Натоиҷи бозиҳои даври 1-ум

«Зебонисо» – «Хатлон» – 0:1

«Бешкент» – «Ҳосилот» – 2:0

«Панҷшер» – «Чашма» – 1:6

«Регар-ТадАЗ» – «Зебо» – 0:1

«Равшан» – «Барқ» – 0:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Чашма» (Шаҳритус)

1

1

0

0

6-1

3

2

«Бешкент» (Носири Хусрав)

1

1

0

0

2-0

3

3

«Барқ» (Норак)

1

1

0

0

1-0

3

4

«Хатлон» (Бохтар)

1

1

0

0

1-0

3

5

«Зебо» (Дӯстӣ)

1

1

0

0

1-0

3

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

0

1

0-1

0

7

«Зебонисо» (Душанбе)

1

0

0

1

0-1

0

8

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

0

1

0-1

0

9

«Ҳосилот» (Фархор)

1

0

0

1

0-2

0

10

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

1

0

0

1

1-6

0

Даври 2-юм

26-уми апрел (якшанбе)

«Хатлон» – «Барқ»

«Зебо» – «Равшан»

«Чашма» – «Регар-ТадАЗ»

«Ҳосилот» – «Панҷшер»

«Зебонисо» – «Бешкент»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG