Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеналтии баҳсбарангез нагузошт "Хатлон" бар "Истиқлол" пирӯз шавад


Бозии марказии даври сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни пешсафони мусобиқа - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар, ки шоми якшанбе, 19-уми апрел, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Бозии асосии даври сеюм хеле шавқовару ҷолиб сурат гирифт. Ҳисобро дар ин дидор ҳамлагари «Хатлон» Парвиз Боқиохунов дар дақиқаи 9-ум боз кард. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32-юм тӯби аз кунҷи майдон задашударо аз назди дарвоза бо зарбаи сар ба ҳадаф расонда, ҳисобро баробар намуд.

Пеш аз танаффус Умарҷон Шарипов бо зарбаи сахт тӯби дувумро ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Ба «Истиқлол» танҳо дар замони изофа (90+5) муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Сардовари бозӣ Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ таъйин кард. Тӯбро Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.

Вале аз ин ҳукми довар Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии «Хатлон», баъди бозӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, "сардовар ба капитани дастаи мо Умарҷон Шарипов корти дуюми зард нишон дод ва ӯро аз майдон хориҷ кард. Инчунин ба дарвозаи дастаи мо пеналтӣ таъйин намуд. Ба назари мо ҳукми сардовар дар ҳарду маврид одилона набуд, зеро ҳеҷ гуна вайрон кардани қоидаи бозӣ ба назар нарасидааст. Инро ҳама диданд ва мо сабти бозиро тамошо мекунем. Дар баъзе лаҳзаҳо сардовар бояд ба бозигарони “Истиқлол” низ корти зард нишон медод, вале ин ҳолатҳоро нодида гирифт".

Мавқеи нозири доварон ва комиссари бозӣ то ба ҳол дар ин маврид маълум нест.

Дастаи «Хатлон», ки ба ҷуз аз легионери африқоӣ аз Гана - дарвозабон Куайе Годсон - аз ҳисоби бозигарони ҷавони маҳаллӣ таркиб ёфтааст, ба қаҳрамони Тоҷикистон муқобилияти сахт нишон дод. Бахусус Годсон, ки маҳорати баланд зоҳир кард, бозигари беҳтарини ин дидор дониста шуд.

Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз наҳваи бархӯрди сардовар ва тайъин кардани ҷаримаи ёздаҳметрӣ ба дарвозаи "Хатлон" норозигӣ карданд. Онҳо аз ҷумла гуфтанд, ки дар ин маврид қоидаи бозӣ вайрон нашуда буд ва сардовар ба иштибоҳ роҳ дод.

«Хатлон», ки дар ду бозӣ дар меҳмонӣ бо «Хуҷанд» (3:2) ва «Истиқлол» (2:2) чор имтиёз гирифт, барои медалҳои қаҳрамонии Тоҷикистон талош меварзад.

Ба ин тартиб, пешсафон – «Истиқлол» ва «Хатлон» - бо ҳафтимтиёзӣ мавқеашонро дар ҷадвали мусобиқа нигаҳ доштанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Хатлон” дар ҷойи дувум қарор доранд.

Дар бозии дигари даври сеюм рӯзи 19-уми апрел ССКА-и Душанбе бар дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Се голи Шодибек Ғаффоров, Дилшод Восиев ва Нодирбек Иброҳимов ба низомиён се имтиёз овард. Голи ягонаи «Локомотив-Помир»-ро Ислом Зоиров зад.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 18-уми апрел дар майдони худ - варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена» - бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад. Дар ҳайати мизбонон Шерзод Маҳамадиев ва Диловаршо Ғаниев дуголӣ заданд. Голи ягонаи «Истаравшан»-ро Илҳомҷон Баротов ба самар расонд.

Бозии ду дастаи нави лигаи олӣ - «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Файзканд»-и Восеъ, ки 18-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, бидуни гол анҷом пазируфт.

Бозии охирини даври сеюм рӯзи чоршанбеи 22-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд доир мегардад. Ин бозӣ соати 18:00 шуруъ мешавад.

Бояд гуфт, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозиҳо муваққатан бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим бо тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба иллати хатари коронавирус ва бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври сеюм

«Душанбе-83» – «Файзканд» – 0:0

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

18 апрел. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 4:1

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 1 (1:0). Илҳомҷон Баротов, 37 (1:1). Шерзод Маҳамадиев, 51 (2:1). Диловаршо Ғаниев, 59 (3:1). Диловаршо Ғаниев, 66 (4:1).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

18 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

ССКА – «Локомотив-Помир» – 3:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 6 (1:0). Дилшод Восиев, 30 (2:0). Ислом Зоиров, 50 (2:1). Нодирбек Иброҳимов, 79 (3:1).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

19 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Истиқлол» – «Хатлон» – 2:2

Голҳо: Парвиз Боқиохунов, 9 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 32 (1:1). Умарҷон Шарипов, 45 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 90+5 – аз пеналтӣ (2:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Умарҷон Шарипов («Хатлон»), 80 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

19 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

2

1

0

11-2

7

2

«Хатлон» (Бохтар)

3

2

1

0

7-5

7

3

«Файзканд» (Восеъ)

3

1

2

0

5-4

5

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

1

1

0

3-0

4

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

1

1

6-4

4

6

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

3

1

1

1

4-5

4

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

5-4

3

8

ССКА (Душанбе)

3

1

0

2

4-6

3

9

«Душанбе-83» (Душанбе)

3

0

1

2

0-8

1

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

0

0

3

2-9

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон») – 3-тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шерзод Маҳамадиев, Диловаршо Ғаниев (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

Бозии охирини даври сеюм

22 апрел (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG