Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳоеро, ки бояд моҳҳои май ва июн баргузор мешуданд, ба иллати коронавирус ба муҳлати номуайян ба таъхир андохт. Дар ин бора дар сомонаи AFC хабар дода шудааст.
"Пас аз андешидани чораҳои пешгирикунанда ва маҳдудиятҳои сафар дар якчанд кишварҳо, AFC тасмим гирифт, ки ҳамаи бозиҳо ва мусобиқаҳои дар моҳҳои май ва июн таъиншударо то огоҳии минбаъда мавқуф гузорад",-омадааст дар вебсайти созмон.
AFC пандемияи COVID-19-ро бодиққат пайгирӣ кард ва қаблан дар як қатор ҷаласаҳои фавқулодда дар Деҳлӣ, Доҳа, Дубай ва Куала-Лумпур бозиҳои худро дар моҳҳои март ва апрел ба таъхир гузошта буд.
Конфедератсияи футболи Осиё ҳамкориро бо созмонҳои иштироккунандаи мусобиқаҳои бошгоҳии AFC идома медиҳад ва тамоми имконоти анҷом додани марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 ва Ҷоми АFC-ро меомӯзад. AFC пеш аз пешниҳоди санаҳои нав барои бозиҳои таъхиршуда вазъро бодиққат арзёбӣ ва назорат мекунад.
Ёдовар мешавем, ду бошгоҳи Тоҷикистон - “Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 ба гурӯҳи “D” шомиланд. Бозии нахустин даври мусобиқа дар ин гурӯҳ миёни “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бе ҳузури тамошобинон доир гардида буд, бо пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ба поён расид.
Бо тасмими Конфедератсиони футболи Осиё бозӣ миёни дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон, ки мебоист 11-уми март дар Бишкек доир мегашт, ба муҳлати дертар ба таъхир гузошта шуд.
Ҳамин тариқ, “Истиқлол” бо се имтиёз дар гурӯҳи “D” мақоми аввалро касб намудааст.
Ҷоми AFC-2020
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
11-уми март (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 2:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 21 (1:0), Манучеҳр Ҷалилов, 29 – аз пеналтӣ (2:0)
«Дордой» (Қирғизистон) - «Алтин Асир» (Туркманистон) – ба таъхир андохта шуд
Даври 2-юм
15 апрел (чоршанбе)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) - ба таъхир андохта шуд
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд
Даври 3-юм
29 апрел (чоршанбе)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон) - ба таъхир андохта шуд
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) - ба таъхир андохта шуд
Даври 4-ум
13 май (чоршанбе)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд
«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд
Даври 5-ум
27 май (чоршанбе)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон) - ба таъхир андохта шуд
Даври 6-ум
17 июн (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон) - ба таъхир андохта шуд
«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!