Рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нахустин мурофиаи парвандаи парвандаи рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов баргузор шуд. Дар ибтидо вакили дифои Далер Шарифов гуфт, ки ҳеҷ асосе барои пушти дарҳои баста доир шудани ин мурофиа вуҷуд надорад.
Вакили дифоъ аз қавли додрас гуфт, ки мурофиа боз мегузарад, вале бо назардошти тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар робита ба коронавирус, шумораи маҳдуди одамон ба толор роҳ дода мешаванд.
Дар нахустин мурофиа шоҳидони ҷониби айбдоршаванда пурсида шуданд. Аз ҷумла, назари шоҳидонро дар бораи китоби "Муҳаммад ва терроризм" ва дар бораи рафтори худи Далер Шарифов пурсиданд.
Қарор аст мурофиа баъд аз зӯҳри имрӯз, 15-уми апрел идома кунад.
Нахустин мурофиаи додгоҳии Далер Шарифов қарор буд рӯз 13-уми апрел баргузор шавад, аммо ба гуфтаи вакили дифои ин журналисти тоҷик, ба сабаби ҳозир нашудани намояндаи додситонӣ он ба таъхир афтод.
Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Мақомот Шарифовро расман ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам мекунанд.
Худи Далер Шарифов ва хонаводааш ин иттиҳомотро беасос номида ва гуфтаанд, ӯ ба ҳайси журналисти мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, вале "узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт".
Парвандаи Далер Шарифов рӯзи 3-юми апрел ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол шуда буд.
Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва озодии баён аз боздошти Далер Шарифов изҳори нигаронӣ карда, борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии ӯро талаб кардаанд.