Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IOC барои таъхири Олимпиада-2020 садҳо млн доллар харҷ мекунад


Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ.
Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) бо сабаби ба таъхир андохтани Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 садҳо миллион долларро аз даст медиҳад. Дар ин бора сарвари ташкилот Томас Бах ба Frankfurter Allgemeine Zeitung хабар додааст.

Бах қайд кард, ки арзиши дақиқи интиқол то ҳоло ҳисоб карда нашудааст, аммо бо боварӣ гуфтан мумкин аст хароҷоти IOC бояд ба таври ҷиддӣ хеле зиёд шавад. Ӯ инчунин ба иддаоҳо дар бораи кашол додани тасмими кумита ҷиҳати таъхири Бозиҳои олимпӣ посух дод, ки дар чунин масъалаҳо шитоб кардан марговар аст.

24-уми март маълум шуд, ки Олимпиадаи соли 2020 бо сабаби паҳншавии сирояти коронавирус ба як сол мавқуф гузошта шуд. Зикр гардид, ки ғояи рад кардани баргузории мусобиқаҳо ба ҳукумати Ҷопон тааллуқ дорад. Баъдтар IOC санаи нави оғози Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпиро эълон кард – 23-юми июли соли 2021.

Дар охири моҳи март Forbes хабар дода буд, ки барои интиқоли Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио ба соли 2021 ба ташкилкунандагон лозим меояд 2,7 миллиард доллар харҷ намоянд.

Тибқи маълумоти нашрия, будҷаи Бозиҳои олимпӣ дар Токио то моҳи декабри соли 2019 тақрибан 12,6 миллиард долларро ташкил додааст. Пас аз интиқоли Бозиҳо ташкилкунандагон барои гузаронидани мусобиқот тақрибан 15,3 миллиард доллар сарф мекунанд.

Дар ин маврид Бозиҳо дар Токио дувумин гаронтарин дар таърих хоҳанд буд. Танҳо Русия барои омодагӣ ба Олимпиадаи зимистона дар Сочи маблағи бештар сарф кардааст - 21,9 миллиард доллар.

Дар аввали моҳи апрел хабар дода шуд, ки бинобар таъхир ёфтани Бозиҳои олимпии соли 2020 Кумитаи олимпии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки даромади он аз фурӯши ҳуқуқи пахши телевизион вобаста аст, тақрибан 200 миллион долларро аз даст медиҳад.

XS
SM
MD
LG