Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарияти "Узбекистон 24" хабари мубталошавии муҷрияшро ба коронавирус рад кард


Бинои яке аз шабакаҳои телевизионии Узбекистон.
Бинои яке аз шабакаҳои телевизионии Узбекистон.

Раҳбарияти телевизиони "Узбекистон 24" хабари мубтало шудани як муҷрии машҳури ин телевизионро ба коронавирус рад кард.

Як корманди "Узбекистон 24" ба шарти ифшо нашудани номаш 8 апрел гуфт, сармуҳаррир ва ҳамзамон иҷрокунандаи мудири "Узбекистон 24" Ҳайдар Хусанов дар гуруҳи "Телеграм" хабар дода, ки як ҳамкори мубтало ба коронавируси онҳо ҳанӯз ҳам ба маҳалли кор рафта, ҷони кормандон ва дар маҷмуъ кори телевизионро дар хатар мегузорад.

Кормандони телевизион акси ин паёмро ба мо фиристоданд. Дар он омадааст, ки қарордоди корӣ бо он корманд бекор ва зиддаш дар чорчӯби қонун чора андешида хоҳад шуд.

Ҳамчунин акси паёми муҳаррири "Узбекистон 24" Сарварҷон Раҳимов низ дар "Телеграм" дастраси мо шуд, ки дар он гуфта мешавад, натиҷаи озмоиши корманди мавриди назар мусбат баромадааст.

Вале дертар худи Раҳимов ва корманди бахши кадрҳои телевизион хабари мубталошавии ҳамкори худ ба коронавирусро рад карданд. Як манбаъ дар "Узбекистон 24" гуфт, зоҳиран раҳбарияти ТВ ба хотири баста нашудани телевизион ин хабарро пинҳон медорад.

Додситонии кулли Узбекистон ахиран иттилоъ дод, ки барои нақзи карантин ва пинҳон доштани хабарҳо дар бораи бемории коронавирус ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG