Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави самбои Тоҷикистон маълум шуданд


Иштирокдорони мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон
Иштирокдорони мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон

Рӯзҳои 11-12-уми апрел дар шаҳри Душанбе, дар толори Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб, мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа, ки миёни мардон доир гардид, 165 варзишгар аз шаҳри Душанбе (2 даста), вилояти Хатлон (2 даста), вилояти Суғд, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ширкат дошт.

Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 13-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гуштигирон дар нӯҳ вазн рақобат карданд. Дар миёни онҳо паҳлавонони маъруфи тоҷик - Акмалиддин Каримов, Комроншоҳи Устопириён, Сомон Сангов, Ҳамроз Раҷабов, Ҷомии Ҳасан, Хуршед Маҷидов, Зафар Олимшоев ва дигарон буданд. Ғолибони мусобиқа ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон ширкат варзанд. Вале, мутаассифона, Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ба иллати пандемияи коронавирус дар ҷаҳон як қатор мусобиқоти байналмилалиро ба муҳлати дертар, моҳҳои сентябр-декабр, интиқол дод.”

Ба иттилои Абдуллоев, дар панҷ вазн гуштигирони душанбегӣ – Сомон Сангов (-52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Муҳаммадисо Раҷабов (-68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг) ва Хуршед Маҷидов (беш аз 100 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар ду вазни дигар намояндагони вилояти Суғд – Ҳамроз Раҷабов (-82 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) пирӯз шуданд. Инчунин дар яквазнӣ варзишгарони вилояти Хатлон -Сорбон Латифов, -62 кг ва ВМКБ - Мақсад Бердиев, -100 кг - ғолиб омаданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон-2020

Вазни -52 кг
1. Сомон Сангов (Душанбе-2)
2. Талабшо Мунавваров (Душанбе-2)
3. Ҳукуматалӣ Сафарбеков (Душанбе-2)
3. Эҳсомиддин Исматов (Душанбе-2)

Вазни -57 кг
1. Акмалиддин Каримов (Душанбе-2)
2. Ҷомии Ҳасан (Душанбе-2)
3. Мақсуд Куканшоев (ВМКБ)
3. Аминҷон Холов (Хатлон-2)

Вазни -62 кг
1. Сорбон Латифов (Хатлон-2)
2. Меҳрзод Суфиев (Суғд)
3. Худойбахш Сулаймонов (ВМКБ)
3. Боқӣ Валимуҳаммад (Суғд)

Вазни -68 кг
1. Муҳаммадисо Раҷабов (Душанбе-2)
2. Сорбон Сулаймонов (Душанбе-1)
3. Фирӯз Муъминов (Душанбе-2)
3. Зафар Алиев (Душанбе-2)

Вазни -74 кг
1. Деваштич Убайдӣ (Душанбе-2)
2. Сайриддин Шоев (ШНТМ)
3. Садам Каримов (Суғд)
3. Мирзоҷамил Рамазонов (Душанбе-2)

Вазни -82 кг
1. Ҳамроз Раҷабов (Суғд)
2. Хисрав Аламов (ШНТМ)
3. Суруш Каримов (Суғд)
3. Ҳақназар Назаров (ШНТМ)

Вазни -90 кг
1. Комроншоҳи Устопириён (Суғд)
2. Зафар Олимшоев (Душанбе-2)
3. Далер Бурунов (ВМКБ)
3. Комрон Карликов (Хатлон-1)

Вазни -100 кг
1. Мақсад Бердиев (ВМКБ)
2. Довуд Фатҳуллозода (Душанбе-2)
3. Азимҷон Бегиҷонов (Душанбе-2)
3. Ҷамшед Наимов (Хатлон-1)

Вазни +100 кг
1. Хуршед Маҷидов (Душанбе-2)
2. Одилҷон Сафаров (Душанбе-2)
3. Фарёд Шайхов (ВМКБ)
3. Диловари Сабриддин (Душанбе-2)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG