Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Истиқлол" ва "Хатлон" дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон

Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 11-12-уми апрел баргузор шуданд. Се дидор бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт, дар ду бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ бар ССКА бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд.

«Хатлон»-и Бохтар дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои Худойдод Узоқов, Сорбон Авғонов ва Парвиз Боқӣ-Охунов ба “Хатлон” пирӯзӣ овард. Голҳои «Хуҷанд»-ро легионери узбекистонӣ Санҷар Рихсибоев ва Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонданд.

Бозӣ миёни дастаҳои нави лигаи олӣ - «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «Душанбе-83» (Душанбе) бо пирӯзии роҳиоҳанчиён бо ҳисоби 1:0 анҷом пазируфт. Дар дақиқаи 75-ум тӯб ба пойи ҳимоятгари «Душанбе-83» Иззатулло Рӯзиев зада, ба дарвозаи дастааш ворид шуд.

Боз як дастаи нави лигаи олӣ – «Файзканд»-и Восеъ дар майдони худ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои «Файзканд»-ро Сайёди Ковусшо, Далерҷон Тухтасунов ва Вайсиддин Сафаров ба самар расонданд. Ду голи меҳмононро Ҳоҷиакбар Узоқов ва Сардорбек Эминов, легионери узбекистонӣ, заданд.

«Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар сафар «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Голҳои Собирҷон Холматов, Азизбек Султонов ва Далер Ёдгоров ба “Кӯктош” се имтиёз овард.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии ду даври қаҳрамонии Тоҷикистон-2020 ду даста – «Истиқлол» ва «Хатлон» - дар ҷадвали мсобиқа бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Хатлон” дар ҷойи дувум қарор доранд.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 18-19-уми апрел баргузор мешаванд: «Душанбе-83» – «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» (18-уми апрел), ССКА – «Локомотив-Помир», «Хатлон» – «Истиқлол» ва «Кӯктош» – «Хуҷанд» (19-уми апрел).

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Иззатулло Рӯзиев, 75 – ба дарвозаи худ.

11 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

11 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 – аз пеналтӣ (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

11 апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Истиқлол» – ССКА – 2:0

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 19 (1:0). Шериддин Бобоев, 86 (2:0).

12 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3

Голҳо: Худойдод Узоқов, 21 (0:1). Сорбон Авғонов, 36 (0:2). Санҷар Рихсибоев, 48 (1:2). Парвиз Боқӣ-Охунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

12 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

9-0

6

2

«Хатлон» (Бохтар)

2

2

0

0

5-3

6

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

1

1

0

3-0

4

4

«Файзканд» (Восеъ)

2

1

1

0

5-4

4

5

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

2

1

1

0

3-2

4

6

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

5-4

3

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

0

1

1

2-3

1

8

ССКА (Душанбе)

2

0

0

2

1-5

0

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

0

0

2

1-5

0

10

«Душанбе-83» (Душанбе)

2

0

0

2

0-8

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол») – 3-тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 2-тӯбӣ.

Даври 3-юм

18 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:30

«Душанбе-83» – «Файзканд»

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

19 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:30

ССКА – «Локомотив-Помир»

«Хатлон» – «Истиқлол»

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

Бояд гуфт, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозиҳо муваққатан бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим бо тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба иллати хатари коронавирус ва бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст.

Мусобиқаи лигаи олӣ дар се давра доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои нӯҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 мушарраф мешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG