Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Узбекистон барои ёриҳои башарӣ сипосгузорӣ кард


Президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев.
Президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои узбекаш барои ирсоли кӯмак ҷиҳати мубориза бо коронавис, қадрдонӣ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ин гуфтугӯи телефонӣ рӯзи 9-уми апрел сурат гирифтааст ва Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев барои кӯмаки башардӯтстона ба Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус, арзи сипос намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин тамоси телефонӣ оқои Раҳмон гуфтааст, ин кӯмак, ки аз маводи хӯрокворӣ ва лавозимоти тиббӣ иборат мебошад, дар ин шароит барои кишвараш хеле зарур мебошад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамчунон гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ин тамоси телефонӣ роҷеъ ба бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва вазъ дар ду кишвар дар пасманзари хатарҳои паҳншавии коронавирус ва сӯҳбат кардаанд.

Расонаҳои Узбекистон рӯзи гузашта хабар доданд, ки ин кишвар бо ҳадафи пешгирӣ аз роҳ ёфтани вируси корона ба Тоҷикистон 18 вагон кумаки башарӣ ирсол кард. Ин манбаъҳо навиштанд, ки ирсоли кумак бо дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст.

Кӯмакҳо рӯзи 9-уми апрел ба Душанбе расиданд. Ин кӯмакҳо аз айнакҳои муҳофизатӣ, камзӯл, маҳлул кимиёии зидди уфунат, дастпӯш, ҳароратсанҷ ва инчунин орд иборат буд.

Тоҷикистон чунин кӯмакҳоро аз Қазоқисто ва Амрико низ дарёфт кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон расман ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Аммо дар Узбекистон то рӯзи 10-уми апрел 624 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабта шуд, се нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG