Ҳамлагари "Ювентус"-и Италия Криштиану Роналду дар ин мавсим аввалин бозигар дар таърихи футбол хоҳад шуд, ки дар тамоми карйераи худ як миллиард доллар ба даст овардааст. Дар ин бора football-fun.ru хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Роналду барои гирифтани маоши баланд, шартномаҳои сарпарастӣ ва тиҷорати муваффақ ба ин нишондиҳанда ноил шуда метавонад.
Тиҷорати португалӣ ба пешбурди бренди CR7 бастагӣ дорад. Дар қатори дигар чизҳо, ҳамлагар либос, рӯпуш, атриёт истеҳсол мекунад ва инчунин соҳиби як қатор меҳмонхонаҳост.
Футболбозону мураббиёни «Ювентус» аз музди меҳнат дар моҳҳои март - июн даст кашиданд, то ба бошгоҳ дар амри бӯҳрони молиявӣ дар ҳолатҳои пандемияи коронавирус кӯмак расонанд. Тадбирҳо ба португалӣ таъсир расонданд, аммо ҳатто ин ба вай монеа шуда наметавонад, ки ба 1 миллиард доллар бирасад.
Соли 2019 Криштиану Роналду дар ҳаҷми тақрибан 100 миллион евро бойтар шудааст. Ин мавсим барои ӯ дар фаъолияти касбиаш 18-ум ба шумор меравад.
Дар тӯли мавсими гузашта танҳо як бозигар - капитани «Барселона» Лионел Месси - нисбат ба португалӣ бештар даромад кардааст.
Танҳо се варзишгар дар тамоми фаъолияташон дар ҳаҷми 1 миллиард доллар даромад кардаанд. Инҳо голфбоз Тайгер Вудс, муштзан Флойд Мейвезери хурдӣ ва баскетболбоз Майкл Ҷордан мебошанд.
Тибқи иттилоъи Business Insider, имсол Роҷер Федерер ба гурӯҳи миллиардерҳои варзишгарони касбӣ шомил хоҳад шуд. Швейтсариягӣ нахустин теннисбозе мешавад, ки ба ин ҳудуд мерасад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ба дузди мутахахам авф мешудасту мо ки 55 сомон андоз буд 109 сомон шид. Офарин ба шумо
И хукумати худкомаи рахмонуф лубой тухмату бухтонда устухон надора. Наход барои ичозати митинг 15 зиндон????
Ба Беном: Ту худат киӣ, ки аз номи Аллоҳ гап мезанӣ, магар бо Вайбер бо Аллоҳ гап задӣ?????
Дар чумхурии мо мардум дар азобан аз паси пасандозшон. Албата хайрон мешавед. Ба монанди Точиксодиротбонк ва Агроинвестбонк ки аз беназорати ва хешутаборбози милиардхои мардум ба ягмо рафт. Боз рохат дар хамонхо пули мардумро хурданду гурехта ба Россияю дигар давлатхо рафтанд боз рохат карда гаштиян. Ин халки мо дар азоб. Ягон кас парвои халка надора. Аз хисоби мухочират дар Россия пул чам карда оварда пасандоз кардан ки дар очнда даркор мешава. И раисои бонкхои мо аз хисоби мухочирон миллионер шуданд. Дар хами Точикистон кор куни дар як сол 100$ пасандоз карда мешавад??????????????????
Чи кунем акнун дар насибамон ҳамин хел сарвари динситез будаст. Сабр ва дуо кардан даркор.