Марко Балич, продюсери маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, гуфт, ки дар сенарияи чорабинӣ эҳтимолан мавзӯи эпидемияи коронавирус ворид карда мешавад. Дар ин бора Insidethegames хабар додааст.
Аз сабаби хуруҷи коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон Олимпиадаи Токио, ки бояд тобистони соли 2020 доир мегардид, ба соли 2021 интиқол дода шуд.
"Ман итминон дорам, маросими олимпӣ, ки нур барои тамоми инсоният аст, бояд ба таври бояду шояд рӯйдодҳои ҳоло рухдодаро инъикос кунад",-гуфт Балич.
Бозиҳои олимпии тобистона дар Токио 23-юми июли соли оянда оғоз ёфта, 8-уми август ба итмом мерасанд.
Дар ҳамин ҳол, хабар дода мешавад, ки оташи олимпӣ дар Фукусима ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Онро дар маркази таълимии миллии футболи J-Village дидан мумкин аст.
Оташи олимпӣ дар Фукусима то охири моҳи апрел боқӣ хоҳад монд ва пас аз он ба Токио фиристода мешавад.
🤔🤪👍👍
Ташаккур! Гап дар он аст, ки студия барои ҳамаи бахшҳо умумист ва мо наметавонем, вақти бахшҳои дигарро гирем. Хуб аст, агар меҳмонон кутоҳтар фикрҳои худро баён кунанд. Саломат бошед.
Salom ba Radio Ozodi! Man Yak chizro namefahmam charo Mirzonabii Kholiqzod naguzosht fikrho ba purragi bayon shwan. Ehtiromi mardumoni dawatshuda kujo shud. Yo chi wakti Gapi Ozodro mahdud mekunad????!!!! Agar Shumo dar hakikat mekhohed masalahoi muhimro barrasi kuned charo barnomaro yak soat namekued?! Yo in namoishkorii digari Radio Ozodi bo nishondodi mo korhoi muhim anjom medihem ammo kore namekunem! In hamaro mazmun chist! In amal karib dar hamai barnomahoi gapi ozod takrorand! Iltimos yo barnomaye halol kuneton yo ba misli hukumatioho khudnamoi nakuneton! Boki hawola ba insofu darku famishu insongarii shumost.
Ин менеҷменти кишвар дар асри 21 нест, ин идораи совхоз аст. Маълум аст, ки то табаддулоти соли 1992 ин одам директори совхоз буд. Таҳсилоти ин одам ҳам ғоибона (40 рӯза) аст. Онҳое, ки дар замони шӯравӣ ғоибона мехонданд, бо гӯсфанду пора санҷишу имтиҳон мегирифтанд. Аз тарзи коғазхонии ин одам хама чиз аён аст. Ин чиновникхо аксарани тахсилоти шурави доранд. Дигарон дар руи когаз тайёр мекнан, у факат мехонад. 245 хазор донишчу???? 245 хазор донишчуи тахсилкарда барои фиристодан ба гастарбайтари ба Россия, ба пеши акаи Путин. Путин чико мекна??? Обратно мегираду он бечорахои дипдомдора ба Точикистон депортатсия мекуна... Бахудо аз шахванди ин кишвари худкома будан шармам омад-е-е-е!!!!
Рафик ахмедов посуххои хуб доданд. Дар хакикат чаноб чи мехонад умуман сарфахм намеравад. Вакилони хузурнишаста бошанд хунари карсакзанию сачда ба пешвояшон доранд. Агар ин корро накунанд бевазифа мемонанд. Ба ин гуфтахои ман чи мегуед. Шуморо интизорам