Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

42 легионер дар лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунанд


Дар ҳайати даҳ дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҳамин ҳол 42 легионер ё футболбозони хориҷӣ бозӣ мекунанд, ки намояндагони нӯҳ кишвар ва се қора мебошанд.

Аксари онҳо аз Осиё омадаанд - 24 бозигар. Африқоро 12 бозигар аз ду кишвар намояндагӣ мекунанд, аз Аврупо дар қаҳрамонии Тоҷикистон шаш бозигар бозӣ хоҳанд кард.

Аз ҳама бештар легионерҳо аз Узбекистон мебошанд. Дар мавсими нав шарафи шаш бошгоҳи лигаи олии Тоҷикистонро 20 намояндаи ин кишвар дифоъ хоҳанд кард. Африқоро футболбозони ду кишвар намояндагӣ мекунанд, ки даҳ нафарашон аз Гана ҳастанд.

Дар байни легионерҳо 14 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгарон, 9 ҳамлагар ва 6 дарвозабон мебошанд. Барои аввалин бор легионер аз Туркманистон ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамлагар Воҳид Оразсаҳедов мебошад. Ӯ дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекунад.

Ҳамаи бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон дар таркиби дастаҳояшон легионерҳоро барои иштирок дар мавсими соли 2020 дохил карданд. Аксари онҳо - шашнафарӣ - дар дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Душанбе-83»-и Душанбе бозӣ мекунанд.

Бояд қайд кард, ки тибқи низомномаи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон то шаш легионер метавонад ба дастаҳои лигаи олӣ дохил шаванд, аммо ҳамагӣ чаҳор бозигари хориҷӣ метавонанд дар як вақт ба майдон бароянд.

Рӯйхати ҳамаи легионерҳое, ки ба дархостҳои бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон барои мавсими соли 2020 дохил шудаанд:

Узбекистон (20): дарвозабон Маъмур Икромов, ҳимоятгар Сироҷ Ҳамроев, нимҳимоятгар Санҷар Рихсибоев, нимҳимоятгар Андрей Сидоров (ҳама – «Хуҷанд»), ҳимоятгар Ҷалил Кимсанов, ҳимоятгар Фаррух Нурлибоев, нимҳимоятгар Сардорбек Эминов (ҳама – «Регар-ТадАЗ»), нимҳимоятгар Нодирбек Иброҳимов (ССКА), нимҳимоятгар Бунёд Шодиев, ҳамлагар Муҳиддин Одилов, ҳамлагар Аббос Икромов (ҳама – «Кӯктош»), дарвозабон Шаҳзод Шамсиддинов, ҳимоятгар Зуфарҷон Акбаралиев, ҳимоятгарТулқинҷон Умаров, ҳимоятгар Саиддостон Фозилов (ҳама – «Истаравшан»), нимҳимоятгар Ҷасур Қурбонов, нимҳимоятгар Ҷасур Ашӯров, нимҳимоятгар Дилшодҷон Баротов, нимҳимоятгар Азизҷон Зарипов, ҳамлагар Анвар Муродов (ҳама – «Файзканд»).

Гана (10): дарвозабон Ишмаил Клотей, ҳимоятгар Принс Артур (ҳарду – «Кӯктош»), дарвозабон Куайе Годсон («Хатлон»), дарвозабон Силванус Эванс Гбети, ҳимоятгар Содиқ Мӯсо, нимҳимоятгар Колинс Адухене, ҳамлагар Идрис Амину, ҳамлагар Агблей Ҷонс (ҳама – «Душанбе-83»), ҳимоятгар Бенҷамин Асамоа, нимҳимоятгар Авуку Калеб Одуро (ҳарду – «Локомотив-Помир»).

Украина (4): ҳимоятгар Алексей Ларин («Истиқлол»), дарвозабон Иван Пономаренко, ҳимоятгар Дмитрий Бондар, нимҳимоятгар Артём Гайдаш (ҳама – ССКА).

Камерун (2): ҳимоятгар Ҷозеф Феумба, ҳамлагар Мбеке Сиебатчеу (ҳарду – «Истаравшан»).

Эрон (2): ҳамлагар Акбари Шелдарӣ Ораш («Регар-ТадАЗ»), нимҳимоятгар Ирфон Муроднажодӣ («Кӯктош»).

Русия (1): нимҳимоятгар Виктор Свежов («Истиқлол»).

Сербия (1): ҳимоятгар Марко Милич («Истиқлол»).

Туркманистон (1): ҳамлагар Воҳид Оразсаҳедов («Истиқлол»).

Қирғизистон (1): ҳимоятгар Арий Элайҷа («Душанбе-83»).

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG