Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бе ҳузури мухлисон оғоз меёбад


Дастаҳои футболи тоҷик.
Дастаҳои футболи тоҷик.

Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) тақвими бозиҳои давраи аввали қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олиро тасдиқ кард. Мусобиқаи 29-уми қаҳрамонии Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбе, 5-уми апрел, оғоз меёбад, бо ширкати даҳ даста дар се давра доир мегардад.

Дар мусобиқаи имсола ба ҳафт дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ССКА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Хатлон» (Бохтар), се дастаи нав - «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе) - пайваcтанд.

Бар асоси дастури мусобиқа дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои нӯҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 мушарраф мешаванд.

Дар нахустин даври мусобиқа рӯзи 5-уми апрел се бозӣ доир мегардад: «Локомотив-Помир» – «Файзканд», «Хатлон» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ». Боз ду бозии дигари даври аввал 8-уми апрел миёни дастаҳои «Душанбе-83» – «Истиқлол» ва ССКА – «Хуҷанд» баргузор мешавад.

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ муваққатан бидуни тамошобинон доир мегарданд.

Инчунин бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони кишвар ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бидуни мухлисон барпо мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст. Аз ин пеш Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ба иллати хатари коронавирус чорабиниҳои оммавӣ дар кишвар коҳиш дода шавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ин тавсияро дастгирӣ намуд ва бо мақсади пешгирӣ тасмим гирифт, ки бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии кишвар, инчунин бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 муваққатан бе тамошобинон баргузор шаванд.

Тақвими бозиҳои мусобиқаи 29-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ

Иштироккунандагони мусобиқа:

1. «Локомотив-Помир» (Душанбе)

2. «Душанбе-83» (Душанбе)

3. ССКА (Душанбе)

4. «Хатлон» (Бохтар)

5. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

6. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7. «Истаравшан» (Истаравшан)

8. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

9. «Истиқлол» (Душанбе)

10. «Файзканд» (Восеъ)

Суперҷоми Тоҷикистон-2020

4 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Давраи аввал

Даври 1-ум

5 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

1. «Локомотив-Помир» – «Файзканд»

4. «Хатлон» – «Истаравшан»

5. «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

8 апрел (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

2. «Душанбе-83» – «Истиқлол»

3. ССКА – «Хуҷанд»

Даври 2-юм

11 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

6. «Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»

7. «Истаравшан» – «Кӯктош»

10. «Локомотив-Помир» – «Душанбе-83»

12 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

8. «Хуҷанд» – «Хатлон»

9. «Истиқлол» – ССКА

Даври 3-юм

18 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

11. «Душанбе-83» – «Файзканд»

15. «Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

19 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

12. ССКА – «Локомотив-Помир»

13. «Хатлон» – «Истиқлол»

14. «Кӯктош» – «Хуҷанд»

22-23 апрел – Рӯзҳои эҳтиётӣ

Даври 4-ум

25 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

16. «Файзканд» – «Истаравшан»

17. «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

18. «Истиқлол» – «Кӯктош»

26 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

19. «Локомотив-Помир» – «Хатлон»

20. «Душанбе-83» – ССКА

Даври 5-ум

2 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

21. ССКА – «Файзканд»

22. «Хатлон» – «Душанбе-83»

25. «Истаравшан» – «Хуҷанд»

3 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

23. «Кӯктош» – «Локомотив-Помир»

24. «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Даври 6-ум

9 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

26. «Файзканд» – «Хуҷанд»

28. «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»

30. ССКА – «Хатлон»

10 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

27. «Истиқлол» – «Истаравшан»

29. «Душанбе-83» – «Кӯктош»

13-14 май – Рӯзҳои эҳтиётӣ

Даври 7-ум

16 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

31. «Хатлон» – «Файзканд»

32. «Кӯктош» – ССКА

34. «Истаравшан» – «Локомотив-Помир»

17 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

33. «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83»

35. «Хуҷанд» – «Истиқлол»

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Марҳилаи муқаддамотӣ

21-22 май (панҷшанбе, ҷумъа)

Даври 8-ум

23 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

36. «Файзканд» – «Истиқлол»

37. «Локомотив-Помир» – «Хуҷанд»

38. «Душанбе-83» – «Истаравшан»

24 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

39. ССКА – «Регар-ТадАЗ»

40. «Хатлон» – «Кӯктош»

27-28 май – Рӯзҳои эҳтиётӣ

Даври 9-ум

30 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

41. «Кӯктош» – «Файзканд»

42. «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

43. «Истаравшан» – ССКА

31 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

44. «Хуҷанд» – «Душанбе-83»

45. «Истиқлол» – «Локомотив-Помир»

ЭЗОҲ: Бо сабаби интиқоли як қатор бозиҳои Ҷоми AFC-2020 бо ширкати «Истиқлол» ва «Хуҷанд», бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо иштироки дастаи мунтахаби миллии

Тоҷикистон, инчунин ба иллати пандемияи коронавирус дар тақвими бозиҳо метавонад тағйирот ворид карда шавад.

XS
SM
MD
LG