Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар майдони холӣ ва ё бо мухлисон? Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 5-уми апрел оғоз мешавад


Баранда соҳиби ҳамин ҷом мешавад.
Баранда соҳиби ҳамин ҷом мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 бо ширкати даҳ даста рӯзи 5-уми апрел шуруъ мешавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар доданд.

Бо назардошти чораҳои пешгирӣ аз сирояти вируси нав, ҳоло маълум нест, бозиҳо бо ҳузури мухлисон баргузор мешаванд, ё не.

Ба иттилои манбаъ, се мавсими гузашта дар лигаи олӣ ҳашт даста иштирок мекард. Ҳамакнун дар мавсими соли 2020 теъдоди дастаҳо ба даҳто расид.

Ба ҳафт дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ССКА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Хатлон» (Бохтар), се дастаи нав - «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе) - пайваcтанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020, ки 5-уми апрел оғоз меёбад, дар се давра доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад.

Бар асоси дастури мусобиқа дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои нӯҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 мушарраф мешаванд.

Дар нахустин даври қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 5-уми апрел се бозӣ доир мегардад: «Локомотив-Помир» – «Файзканд», «Хатлон» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ». Боз ду бозии дигар 8-уми апрел миёни дастаҳои «Душанбе-83» – «Истиқлол» ва ССКА – «Хуҷанд» баргузор мешавад.

Мусобиқаи соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Регар-ТадАЗ” гардид.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2020. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

5-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Локомотив-Помир» – «Файзканд»

«Хатлон» – «Истаравшан»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

8-уми апрел (чоршанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

ССКА – «Хуҷанд»

XS
SM
MD
LG