Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Профессор Абдусаттор Нуралиев даргузашт


Абдусаттор Нуралиев. Акс аз моҳи январи 2017
Абдусаттор Нуралиев. Акс аз моҳи январи 2017

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусаттор Нуралиев, ки ба аксар журналистони тоҷик ҳаққи устодӣ дорад, шаби 20-уми март дар 78-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, маросими видоъ бо ӯ нимирӯзи 21-уми март дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Нуралиев дар ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанди Узбекистон таваллуд шуда, факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро хатм кардааст. Вай охири солҳои шастум ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омадааст. Аз соли 1993 то 1996 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ буд. Аз моҳи сентябри соли 2003 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия кор мекард. Аз Абдусаттор Нуралиев даҳҳо китобу рисола ва мақола мондааст. "Адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ" (соли 1994), "Абай ва адабиёти тоҷик" (соли 1995), "Жанрҳои ахбории матбуот" (соли 2007), "Асосҳои ҳуқуқии журналистика" (соли 2005), "Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ" (соли 2003) аз таълифоти ӯ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG