Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози махсуси "Сомон Эйр" ба Русия барои овардани муҳоҷирон


Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр тасмим дорад, имрӯз, 20-уми март бо як хатсайри махсус барои овардани муҳоҷирони тоҷик ба самти Маскав парвоз кунад. Дар баёнияи расмии ширкат аз 20-уми март гуфта шудааст, ки дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе қарор аст, шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ба Маскав интиқол дода шаванд ва дар бозгашт муҳоҷирони тоҷикро, ки хатсайри парвозашон қатъ шуда, дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд, ба Тоҷикистон биоранд.

Соати дақиқи парвоз ҳанӯз мушахас нест, аммо ба гуфтаи масъулини ширкати "Сомон Эйр", ба эҳтимоли зиёд парвоз ба самти Маскав пас аз нисфирӯзӣ сурат мегирад. Ин ширкати ҳавопаймоӣ қаблан эълон карда буд, ки ба далели пешгирӣ аз хатарҳои коронавирус ва таъмини бехатарии шаҳрвандони Тоҷикистон, муваққатан тамоми парвозҳои байналмилалии худро қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG