Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои моҳҳои март-апрели Ҷоми AFC-2020 ба таъхир андохта шуд


Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) имрӯз, 18 март, расман эълон кард ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳое, ки бояд моҳҳои март ва апрел баргузор мешуданд, ба иллати коронавирус ба муҳлати номуайян ба таъхир андохта шуд.

Бо сабаби бадтар шудани вазъият дар тамоми ҷаҳон ва маҳдудиятҳои кӯчдиҳӣ бо назардошти саломатӣ ва бехатарии футболбозон ва чанд дархосте, ки аз Ассотсиатсияҳои футбол ва бошгоҳҳо гирифтаанд, Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳои моҳҳои март ва апрел то огоҳии минбаъда ба таъхир андохта шаванд.

AFC пеш аз пешниҳоди санаҳои нав барои бозиҳои таъхиршуда вазъро бодиққат арзёбӣ ва назорат мекунад.

Ҳамин тариқ, чаҳор бозии моҳи апрели Ҷоми AFC-2020 бо иштироки бошгоҳҳои Тоҷикистон - «Алтин Асир» - «Истиқлол» (15-уми апрел, Ишқобод), «Хуҷанд» - «Дордой» (15-уми апрел, Хуҷанд), «Хуҷанд» - «Алтин Асир »(28-уми апрел, Хуҷанд) ва« Истиқлол» - «Алтин Асир» (29-уми апрел, Душанбе) ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки қаблан бозии даври ҳафтуми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Муғулистон, ки мебоист 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешуд, инчунин бозиҳои Ҷопон - Тоҷикистон (4-уми июн) ва Тоҷикистон - Мянмар (9-уми июн) ба муҳлати номуайян ба таъхир андохта шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG