Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Аврупо-2020 ба соли 2021 гузаронида шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Иттиҳоди футболи Аврупо (UEFA) дар видеоконфронс, ки 17-уми март баргузор намуд, тасмим гирифт ба иллати пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 Ҷоми Аврупо-2020 то соли 2021 мавқуф гузошта шавад.

Қаҳрамонии футболи Аврупо-2020 мебоист аз 12-уми июн то 12 -уми июл дар 12 варзишгоҳи 12 шаҳр: Амстердам, Боку, Билбао, Будапешт, Бухарест, Глазго, Дублин, Копенгаген, Лондон, Мюнхен, Рим ва Санкт-Петербург баргузор мешуд.

Дурахши COVID-19 дар Чин соли гузашта сабт шуда буд. Тибқи маълумоти охирин дар саросари ҷаҳон беш аз 7000 нафар аз вирус фавтидаанд.

УЕФА дар вебсайти расмии худ имконияти баргардонидани маблағи билетҳоро барои бозиҳои қаҳрамонии Аврупо-2020 эълон кард. "УЕФА шитоб мекунад ба дорандагони билетҳо боварӣ бахшад, ки агар онҳо дар бозиҳои соли 2021 иштирок карда натавонанд, маблағи сарфшуда ба онҳо пурра баргардонида мешавад",-омадааст дар изҳороти ин созмон.

Бино ба иттилои Marca, УЕФА тасмим гирифт, ки финали Лигаи қаҳрамонҳоро аз 30-юми май ба 27-уми июн мавқуф гузорад. Бозии ҳалкунандаи Лигаи Аврупо, ки қаблан 27-уми май таъин шуда буд, 24-уми июн баргузор мешавад.

Финали Лигаи қаҳрамонҳо дар Истамбули Туркия дар Варзишгоҳи Олимпии Отатурк, финали Лигаи Аврупо дар Гдански Лаҳистон, дар «Энергетика Гданск Арена» баргузор мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG