Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз фардо сафар ба Русия маҳдуд мешавад


Фурудгоҳи Домодедово дар Маскав дар шароити таҳдиди коронавирус амал мекунад
Фурудгоҳи Домодедово дар Маскав дар шароити таҳдиди коронавирус амал мекунад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри хабаре гуфт, ки шурӯъ аз 18 март бо сабаби хатари паҳншавии коронавирус, сафар ба Русия маҳдуд мешавад. Чунин маҳдудият бар асоси як қарори ҳукумати Русия ҷорӣ мешавад. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон машварат додааст, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Дар хабар гуфта шудааст, ки маҳдудият “ба ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳҳои фурудгоҳҳо мегузаранд ва ба Русия ба муносибати вафоти хеши наздик меоянд, татбиқ намегардад”.

Аз дирӯз чунин маҳдудият дар робита бо сафар ба Узбекистону Қазоқистон ҳам амал мекунад, чун дар ин кишварҳо нахустин ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин кишварҳо ва дар Русия ҳам бархе ҳолатҳои олудагӣ ба вирус аз афроди баргашта Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Қитъаи Аврупоро Созмони ҷаҳонии беҳдошт “маркази нави коронавирус” унвон кардааст.

Эҳтимолан маҳдудияти сафар ба Русия ба зиндагиву кори бисёр

шаҳрвандони Тоҷикистон таъсиргузор шавад, чун ин кишвар макони аслии кору даромади корҷӯён аз Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG