Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати бошгоҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ҷоми Лигаи футболи Узбекистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бошгоҳҳои пешсафи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мусобиқаи бози Ҷоми Лигаи футболи Узбекистон-2020 ширкат меварзанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон иттилоъ додааст.

Дар ин хабар омадааст, Ассотсиатсияи футболи Узбекистон ба ин мусобиқа аз Тоҷикистон дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва аз Қирғизистон бошгоҳҳои “Дордой” (Бишкек), “Олой” (Ӯш), “Абдиш-Ота” (Кант) ва “Каганат” (Ӯш)-ро даъват кардааст.

“Чунин бозиҳо барои бошгоҳҳое, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзанд, таҷрибаи хуб хоҳад дод. Ҷоми Лигаи футболи Узбекистон, инчунин барои доварон, комиссарҳо ва нозирони кишварҳои иштироккунанда муҳим аст. Онҳо имконият доранд, ки таҳти сарпарастии Конфедератсиони фтболи Осиё (АFC) ба бозиҳои байналмилалӣ омодагӣ бигиранд”, - гуфта мешавад дар хабари Ассотсиатсияи футболи Узбекистон.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар Лигаи футболи Узбекистон соли оянда ширкати дастаҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар назар аст. Дар оянда даъват намудани бошгоҳҳо аз Афғонистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.

Нахустин Ҷоми Лигаи Узбекистон соли гузашта баргузор шуда буд. Дар мусобиқаи порсола ҳамагӣ 16 бошгоҳ ширкат дошт: 14 бошгоҳи Суперлигаи Узбекистон, инчунин ду бошгоҳи Про-Лига А, ки ба талаботи махсуси иҷозатномадиҳӣ ҷавобгӯ буданд.

Мусобиқа дар нимаи моҳи май оғоз шуда, дар аввали моҳи ноябр ба итмом расид. Дастаи «Пахтакор»-и Тошканд, ки дар финал бошгоҳи AГМК-и Олмалиқро шикаст дод, аввалин ғолиби Ҷоми Лигаи Узбекистон гардид.

Ҷоми Лигаи Узбекистон-2020 аз 6 марҳила иборат аст ва 7-8 апрел аз даври 1/32-ниҳоӣ оғоз меёбад. Бозиҳои 1/16-ниҳоӣ 22-23 апрел, 1/8-ниҳоӣ 29, 30 ва 31 май баргузор мешаванд. Бозиҳои чорякниҳоӣ 5-уми август доир мегарданд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 12-уми август ба нақша гирифта шудааст. Ва, ниҳоят, бозии ҳалкунанда ва ниҳоии Ҷоми Лигаи Узбекистон-2020 рӯзи 26-уми август баргузор мешавад.

Тибқи дастури мусобиқа қаҳрамонҳои кишварҳои худ муборизаро барои Ҷоми Лигаи Узбекистон аз марҳилаи 1/8-ниҳоӣ шуруъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG