Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сумайя Қосимова аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд


Сумайя Қосимова, муштзани тоҷик.
Сумайя Қосимова, муштзани тоҷик.

Сумайя Қосимова, муштзани тоҷик, ки имрӯз, 11-уми март, дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони Урдун дар даври бокс-офф дар вазни то 51 кило миёни занон аз варзишгари Филиппин Ириш Магно бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд, аз роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 маҳрум шуд.

Дар вазни то 51 кило миёни занон шаш роҳхат ихтисос дода шудааст. Чаҳор нафаре, ки ба нимфинал роҳ пайдо карданд, соҳиби роҳхатҳо шуданд. Муштзанҳое, ки дар чорякфинал мағлуб гаштанд, барои ду роҳхат мубориза бурданд. Ба ҷуз аз Ириш Магнои филиппинӣ, Турсуной Раҳимоваи узбекистонӣ, ки дар бокс-офф Ҷутамас Ҷитбонги тайландиро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард, соҳиби роҳхати олимпӣ гардид.

Ба ин тартиб, аз 12 муштзани тоҷик (8 мард ва 4 зан) ду нафар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев – имрӯз муборизаро дар даври бокс-офф барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома медиҳанд.

Баҳодур дар сабқати мардон дар вазни то 63 кило бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Шаббос дар вазни то 81кило бо Санчин Кумар аз Ҳиндустон барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, беш аз 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) талош меварзанд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG