Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Шаббос Неъматуллоев барои дарёфти роҳхати олимпӣ боз як пирӯзӣ зарур аст


Шаббос Неъматуллоев, муштзани тоҷик.

Шаббос Неъматуллоев, муштзани тоҷик, рӯзи 10-уми март дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони Урдун ҷараён дорад, дар қувваозмоии аввали даври бокс-офф дар вазни то 81 кило бар варзишгари Тайланд Йомхот Ҷаккапонг бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд.

Дар вазни то 81кило барои минтақаи Осиё/Уқёнус панҷ роҳхат ихтисос дода шудааст. Чаҳор роҳхат насиби варзишгароне гардид, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо карданд. Барои як роҳхати дигар дар ин вазн варзишгароне, ки дар чорякфинал мағлуб шуданд, дар даври бокс-офф мубориза мебаранд.

Ду нафари ғолиби қувваозмоии аввали бокс-офф – Шаббос Неъматуллоев ва Санчин Кумар аз Ҳиндустон – имрӯз, 11-уми март, барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд. Кумар дар қувваозмоии аввали бокс-офф Манҳ Чуонг Нгуйени ветнамиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Вале ду нафари дигар - Ҷаккапонг ва Нгуйен аз идомаи мубориза барои роҳхати панҷум маҳрум шуданд.

Дар финали вазни то 63 кило Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон ва Пауло Аокусо аз Австралия рақобат мекунанд. Бекзод дар нимфинал бар Одаи Риёд Ал-Ҳиндавӣ аз Урдун ва Пауло бар Даксаинг Чен аз Чин бо натиҷаи якхелаи 5:0 пирӯз шуданд.

Имрӯз, инчунин боз ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов ва Сумайя Қосимова – дар даври бокс-офф барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 мубориза мебаранд. Баҳодур дар сабқати мардон дар вазни то 63 кило бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя дар сабқати занон дар вазни то 51кило бо Ириш Магнои филиппинӣ рақобат мекунанд. Ғолибони ин ду қувваозмоӣ ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио мушарраф мешаванд.

Дар ин ду вазн – то 63 кило миёни мардон ва то 51 кило миёни занон – шаш роҳхат ихтисос дода шудааст. Чаҳор нафаре, ки дар сабқати мардон ва чаҳор нафаре, ки дар сабқати занон ба нимфинал роҳ пайдо карданд, соҳиби роҳхатҳо шуданд. Муштзанҳое, ки дар чорякфинал мағлуб шуданд, барои ду роҳхат миёни мардон ва ду роҳхат миёни занон мубориза мебаранд.

Ба ин тартиб, аз 12 муштзани тоҷик (8 мард ва 4 зан) се нафар – Баҳодур Усмонов, Сумайя Қосимова ва Шаббос Неъматуллоев -муборизаро барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома медиҳанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, беш аз 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) талош меварзанд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG