Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи "Ekaterinburg Grand Slam 2020" лағв шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Ekaterinburg Grand Slam 2020", ки бояд рӯзҳои 13-15-уми март дар Екатеринбурги Русия баргузор шавад, бар асари хуруҷи бемории коронавирус лағв карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) иттилоъ додааст.

Дар хабар гуфта шудааст, кумитаи иҷроияи Федератсиони байналмилалии ҷудо тасмим гирифт, ки мусобиқаҳои тахассусии олимпӣ бо сабаби хуруҷи коронавирус то 30-юми апрели соли 2020 доир карда нашаванд. Ба ҷуз аз "Ekaterinburg Grand Slam 2020", инчунин мусобиқаҳои Гран-прии Тифлис ва Анталия низ мавқуф гузошта шуданд.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар «Ekaterinburg Grand Slam 2020» 526 варзишгар (313 мард, 213 зан) аз 87 кишвари панҷ қораи дунё номнавис шудааст.

Ба ин мусобиқаи байналмилалӣ, инчунин 12 нафар гуштигирони тоҷик номнавис шудаанд, ки дар байни онҳо паҳлавонони маъруф, монанди Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни то 73 кг), Акмал Муродов (вазни то 81кг), Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кг), Хуршед Маҷидов (вазни то 100 кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни беш аз 100 кг) - ҳастанд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи байналмилалии Ekaterinburg Grand Slam 2019, ки моҳи марти соли гузашта баргузор шуда буд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гуштигир шомил буд. Аз байни онҳо танҳо Беҳрӯзи Хоҷазода, соҳиби медал гардид.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило панҷ қувваозмоӣ анҷом дода, дар чортоаш ғолиб омад. Беҳрӯз барои медали биринҷӣ ба Эдуардо Барбоса аз Бразилия ғалаба кард ва барои ҷойи севум ба ҷуз аз медалу имтиёзи олимпӣ бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллар сарфароз гашт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG