Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик имрӯз, 9-уми март, дар даври чорякниҳоии мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс дар шаҳри Аммон дар вазни то 63 кило аз Обада Муҳаммад Мустафо Алкасбеҳ аз Урдун бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд ва акнун муборизаро барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар даври тасаллобахш идома хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки Баҳодур Усмонов порсол дар финали қаҳрамонии бокси Осиё Алкасбеҳро шикаст дода буд. Ин дафъа рақибаш интиқом гирифт. Алкасбеҳ, ки соҳиби роҳхати олимпӣ шуд, дар нимфинал рӯзи 11-уми март бо Зокир Сафиуллин (Қазоқистон) рақобат мекунад. Баҳодур бошад, дар даври тасаллобахш 10-уми март бо Ашкон Ризоӣ аз Эрон вориди рақобат мешавад.
Шоми имрӯз боз як муштзани тоҷик - Сумая Қосимова – дар Урдун дар сабқати занон барои роҳхати олимпӣ мубориза мебарад. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ дар вазни то 51 кило бо Чанг Юан аз Чин рақобат мекунад.
Вале ду муштзани дигари тоҷик - Шаббос Неъматуллоев ва Давлат Болтаев - рӯзи 8-уми март дар даври чорякниҳоӣ ноком шуданд. Ҳарду аз муштзанҳои машҳур аз Қазоқистон шикаст хӯрданд. Шаббос дар вазни то 81 кило аз қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 Бекзод Нурдавлатов бо ҳисоби 0:5 мағлуб гашт.
Давлат бошад, дар вазни то 91 кило қувваозмоиро ба барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ва ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон Василий Левит бо ҳисоби 0:5 бохт.
Ба ин тартиб, аз 12 муштзани тоҷик (8 мард ва 4 зан) 9 нафар -- Шуҳрат Сабзалиев ( 52 кг), Бахтовар Сагизов (57 кг), Шералӣ Мамадалиев (69 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (75 кг), Давлат Болтаев (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (беш аз 91 кг) дар сабқати мардон, Миҷгона Самадова (57 кг), Шоира Зулқайнарова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (69 кг) дар сабқати занон аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхати олимпӣ маҳрум шуданд.
Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, беш аз 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) то рӯзи 11-уми март талош меварзанд.
Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.
Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.
Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Фарк надорад либос сарпечи , чизе ки бошад набошад , милиса вазифааш химоят кардани хукуку озодихои шахрвандон АСТ !!!! Онхо савганд ёд кардаанд ки содикона ба халку Ватан хизмат мекунем .... Солхои шурави вакте метарсиди Давида назди милиса мерафти , хозир аз назди милеса одамон мегурезанд , зеро ин нокасон хатто ба модарон рахм надоранд .... Э мур ту афсар нашуда !!! Он руз дер нест ки модару зану духтару хохари туро хам хамин руз ба сарашон меояд !!! Хаёл мекуни ин дунё сохиб надорад ??? Худованд дергиру сахтгир АСТ !!! Дер ё зуд чавоби кори кардаатро интизор шав нокаси бетарбия !!!
сабак ба кормандони кгб ва милиса, ин марда аккалан ба 70 солаги монданд, зиёди шумо бо хар бахона буг ва нопадид мешавед, ин хаст охири "хизмат", рахмат хам намегуянд. Леки аз емон ва Худо битарсед, бародарон ва хохаронатонро накушед, азоб натихед, хар карда чазо дорад, дар ин дуне ва дар он чахони абади хам.
Мардон чомеаи номардонро танг кардаанд шояд . Дар давлати диктатури ё монанди онхо дузду номарду порахур мешави ё пушти панчара . Порахурон намехоханд корманди тоза аз каррупция катиашон кор кунад . Касди оила дида мешавад дар ин мурофиа .
Зиндагии ин нафар бояд барои ҳама кормандони мақомотҳои Тоҷикистон ба хусус мақомоти қудратӣ дарси сабақ бошад. Ин инсон ҳам дар вақташ қаламаш тез карда аз дилу ҷон кор мекард. Шумо барои ҳукуматдорони Тоҷикистон як расходний материал мебошетон. Срокатон, ки гузашт, списат мешавед ва дигар барои касе лозим намешавед. Агар садо баланд кунед, ана ҳамин тавр печонда ба ҷойҳои дуртарак бурда мепартоянд. Аз ин хонаву мошинҳое, ки ба шумо медиҳанд хурсандӣ накунед. Онҳо ҳамааш то рӯзи нафақа баромаданатон аст.
Ачаб мардуме, ачаб мафкураи, ачабу боз садо ачаби дигар. Дар ин давлате ки аз дугфуруш то хонафуруш хама пора медихаду пора мегиранд шумо аз кучо умеди адл ё инсоф доред? Точикистон кайхо боз давлати авлодиву махалливу гуломдори шудагиш. Вакте ки мардум метарсад фикри худаша гуяд ё нависад дигар чи чойи адл ё инсоф хаст?