Бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон-"Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020 дар гурӯҳи “D» бе тамошобинон баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсиони футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ тавсия додааст, ки ба иллати хатари коронавирус чорабиниҳои оммавӣ дар кишвар коҳиш дода шавад. Федератсиони футболи Тоҷикистон ин тавсияро дастгирӣ намуд ва тасмим гирифт, ки бо мақсади пешгирӣ бозии Ҷоми AFC-2020 миёни ду бошгоҳи Тоҷикистон бе тамошобинон доир карда шавад.
Ҳаводорони футбол метавонанд бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон ва «Хуҷанд», ноиби қаҳрамони кишварро тавассути шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» зинда тамошо кунанд.
Ҳакамони ин бозӣ аз Кувайт мебошанд. Довари FIFA Аҳмад Ал-Алии 35-сола сардовари бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Яъқуб Ал-Мутаирӣ ва Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ - кӯмак мекунанд. Умар Ашконанӣ вазифаи довари эҳтиётиро ба уҳда дорад.
Маҳюб Содиқ аз Фаластин нозири доварон ва Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб комиссари бозӣ таъйин шудаанд.
Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» рӯзи чоршанбеи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.
Ба ҷуз аз дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ба гурӯҳи “D” бошгоҳҳои “Олтин Асир”, қаҳрамони Туркманистон ва “Дордой”, қаҳрамони Қирғизистон, дохиланд.
Бо тасмими Конфедератсиони футболи Осиё бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои «Дордой» ва «Олтин Асир», ки мебоист 11-уми март дар Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов, доир мегашт, ба муҳлати номуайян гузаронида шуд. Дар ин бора Иттиҳоди футболи Қирғизистон хабар додааст.
Ҷоми AFC-2020
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум
11-уми март (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Сардовар: Аҳмад Ал-Алӣ (Кувайт).
Кӯмакдоварон: Яъқуб Ал-Мутаирӣ, Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ (ҳарду аз Кувайт).
Довари эҳтиётӣ: Умар Ашконанӣ (Кувайт).
Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).
Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Иморот).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Ба дузди мутахахам авф мешудасту мо ки 55 сомон андоз буд 109 сомон шид. Офарин ба шумо
И хукумати худкомаи рахмонуф лубой тухмату бухтонда устухон надора. Наход барои ичозати митинг 15 зиндон????
Ба Беном: Ту худат киӣ, ки аз номи Аллоҳ гап мезанӣ, магар бо Вайбер бо Аллоҳ гап задӣ?????
Дар чумхурии мо мардум дар азобан аз паси пасандозшон. Албата хайрон мешавед. Ба монанди Точиксодиротбонк ва Агроинвестбонк ки аз беназорати ва хешутаборбози милиардхои мардум ба ягмо рафт. Боз рохат дар хамонхо пули мардумро хурданду гурехта ба Россияю дигар давлатхо рафтанд боз рохат карда гаштиян. Ин халки мо дар азоб. Ягон кас парвои халка надора. Аз хисоби мухочират дар Россия пул чам карда оварда пасандоз кардан ки дар очнда даркор мешава. И раисои бонкхои мо аз хисоби мухочирон миллионер шуданд. Дар хами Точикистон кор куни дар як сол 100$ пасандоз карда мешавад??????????????????
Чи кунем акнун дар насибамон ҳамин хел сарвари динситез будаст. Сабр ва дуо кардан даркор.