Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се муштзани тоҷик ба чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ роҳ ёфтанд


Баҳодур Усмонов яке аз онҳоест, ки муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома медиҳад
Баҳодур Усмонов яке аз онҳоест, ки муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома медиҳад

Давлат Болтаев, варзишгари тоҷик, дар аввалин рақобати худ дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс, ки дар пойтахти Урдун – Аммон – ҷараён дорад, бар Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт ва муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома хоҳад дод.

Давлат Болтаев рӯзи 8-уми март дар чорякфинал дар вазни то 91 кило бо Василий Левит аз Қазоқистон рақобат мекунад. Левит барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ва ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон мебошад. Болтаев севумин муштзани тоҷик аст, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кардааст.

Аз ин пеш ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев - аввалин рақобати худро дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус дар Аммон бо пирӯзӣ анҷом дода, ба чорякфинал баромада буданд.

Баҳодур Усмонов, ки дар рақобатҳо дар вазни то 63 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Санил Шаҳӣ аз Непал ғолиб омад. Ӯ дар чорякфинал 9-уми март бо Обада Алкасба аз Урдун қувва меозмояд. Зимнан, Баҳодур соли гузашта дар финали қаҳрамонии бокси Осиё Алкасбаро шикаст доа буд.

Шаббос Неъматуллоев низ дар вазни то 81 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт. Ӯ бар Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Рақиби Шаббос дар даври чорякниҳоӣ, ки 8-уми март баргузор мешавад, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон мебошад.

Вале рӯзи 6-уми март ду муштзани дигари тоҷик - Сиёвуш Зуҳуров дар сабқати мардон дар вазни беш аз 91 кило аз Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва Нилуфар Бобоёрова дар сабқати занон дар вазни то 69 кило аз Байсон Маникон аз Тайланд мағлуб шуданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 12 варзишгар - 8 мард ва 4 зан - дохиланд. Пеш аз Сиёвуш Зуҳуров ва Нилуфар Бобоёрова панҷ намояндаи Тоҷикистон аввалин рақобати худро бохта буданд.

Дар сабқати мардон Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар даври аввал дар вазни то 75 кило аз Ҷинҷеа Ким аз Кореяи Ҷанубӣ, Шуҳрат Сабзалиев дар вазни то 52 кило аз Енхмандах Хархуу аз Муғулистон ва Шералӣ Мамадалиев дар вазни то 69 кило аз Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон шикаст хӯрданд.

Дар сабқати занон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило дар даври дувум аз Ский Николсон аз Австралия ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Йеонҷӣ Оҳ аз Кореяи Ҷанубӣ ноком шуданд.

Дар сабқати мардон 7-уми март Бахтовар Сагизов дар вазни то 57 кило дар даври дувум бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг ва дар сабқати занон Сумая Қосимова дар вазни то 51 кило бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун рақобат хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) то рӯзи 11-уми март талош меварзанд.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон, 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби

Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

XS
SM
MD
LG