Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон се шаҳрванди Тоҷикистонро ба "анбор кардани ниқобҳои тиббӣ" муттаҳам кард


Эрон, феврали 2020. Акс аз бойгонӣ.

Баррасии парвандаи 10 муттаҳам ба далели эҳтикор ё анбор кардани колоҳои мавриди ниёзи мардум дар Эрон, рӯзи шанбеи 7-уми март дар Теҳрон баргузор мешавад.

Дар ин парванда дар баробари 7 шаҳрванди Эрон, се шаҳрванди Тоҷикистон низ муттаҳам ҳастанд. Тибқи иттилои хабаргузориҳои Эрон, раёсати ин парвандаро додрас Салавотӣ ба ӯҳда дорад ва мурофиа ошкоро баргузор мешавад.

Хабаргузории эронии "ИЛНА" рӯзи 4-уми март бо нашри ин хабар аз шаҳрвандони Тоҷикистон Юнус Аҳроров, Нозим Мирзоев ва Абубакр Куваев ном бурд. Тибқи иттилои ин манбаъ, муттаҳамон барои анбор кардани маводи мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла 2 миллиону 600 ҳазор адад ниқоби тиббӣ ва ба ҳадафи берун бурдани он ба Чин, боздошт шуданд.

Ғулом Ҳусейн Исмоилӣ, сухангӯи Додгоҳи олии Эрон рӯзи сешанбе эълом кард, касоне, ки даст ба анбор кардани маводи мавриди ниёз барои муқобила бо коронавирус мезананд, бо муҷозоти дарозмуддат аз панҷ то 20 сол ва ҳатто дар сурати ташхиси додгоҳ, ки он "фасод фил-арз" (фасод дар замин) аст, имкон дорад ба қатл маҳкум шаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии исломии Эрон бемории коронавирус ба таври густурда паҳн шудааст. Тибқи хабарҳо, то рӯзи чаҳоршанбе дар ин кишвар 2900 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 92 тан ҷон бохтанд.

Дар бораи шахсияти ин се шаҳрванди Тоҷикистон маълумоти зиёд дар даст нест ва мақомоти Тоҷикистон ҳам то ба ҳол дар ин робита ибрози назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG