Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC-2020: Ҳакамони бозии "Истиқлол" ва "Хуҷанд" аз Кувайт


Бозиии "Истиқлол" ва "Хуҷанд"-ро ҳакамон аз Кувайт доварӣ мекунанд.
Бозиии "Истиқлол" ва "Хуҷанд"-ро ҳакамон аз Кувайт доварӣ мекунанд.

Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) ҳакамонеро, ки бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷандро дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 дар гурӯҳи “D»доварӣ мекунанд, таъйин намуд.

Довари FIFA Аҳмад Ал-Алии 35-сола аз Кувайт сардовари бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ноиби қаҳрамони кишвар, таъйин шудааст.

Ба ӯ ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Яъқуб Ал-Мутаирӣ ва Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ кӯмак мекунанд. Умар Ашконанӣ аз Кувайт вазифаи довари эҳтиётиро ба уҳда дорад. Маҳюб Содиқ аз Фаластин нозири доварон ва Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» рӯзи чоршанбеи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Ба ҷуз аз дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ба гурӯҳи “D” бошгоҳҳои “Олтин Асир”, қаҳрамони Туркманистон ва “Дордой”, қаҳрамони Қирғизистон, дохиланд.

Бо тасмими Конфедератсиони футболи Осиё бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои «Дордой» ва «Олтин Асир», ки мебоист 11-уми март дар Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов, доир мегашт, ба муҳлати номуайян гузаронида шуд. Дар ин бора Иттиҳоди футболи Қирғизистон хабар додааст.

Ҷоми AFC-2020

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

11-уми март (чоршанбе)

Оғози бозӣсоати 18:00

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Сардовар: Аҳмад Ал-Алӣ (Кувайт).

Кӯмакдоварон: Яъқуб Ал-Мутаирӣ, Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ (ҳарду аз Кувайт).

Довари эҳтиётӣ: Умар Ашконанӣ (Кувайт).

Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Иморот).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG